Дар телевизиони Миср дар бораи Тоҷикистон барномаи махсус намоиш дода шуд

Сентябрь 14, 2016 10:21

Душанбе, 14.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 сентябри соли равон дар шабакаи телевизионии мисрии Nile TV барномаи махсуси  фарҳангӣ дар бораи Тоҷикистон намоиш дода шуд, ки муҳтавои он дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Миср  таҳия гардид. Барнома 2 соату 25 дақиқа идома ёфт.
Дар барномаи мазкур шаҳрвандони тоҷики муқими Миср аз ҷумлаи коршиносон ва донишҷӯён, инчунин пажӯҳишгарони мисрӣ ширкат намуданд. Барнома ба таърих, забон, фарҳангу анъанаҳои халқи тоҷик ва инчунин табиат, иқтисод, захираҳои табиӣ, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон бахшида шуд.
Ҳангоми баррасии мавзӯи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик нусхаи арабии китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» ҳамчун манбаи арзишманди омӯзиши таърихи халқи тоҷик ва нусхаи арабии китоби мусаввари «Ганҷинаи тиллоии тоҷикон» ба намоиш гузошта шуданд.
Дар байни суҳбатҳои меҳмонони барнома филмҳои тарғибӣ дар бораи Тоҷикистон, ки онҳоро Сафорат дар ихтиёри шабакаи  Nile TV гузошта буд, намоиш дода шуданд. Филми мазкурро ба пуррагӣ метавон дар Youtube тамошо намуд (https://youtu.be/RnD-RMmgi8k).

Сентябрь 14, 2016 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад