Дар Женева Маркази фарҳангиву иттилоотии «Ошёни тоҷик» ифтитоҳ гардид

Сентябрь 20, 2016 09:09

Душанбе, 20.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкори швейтсарӣ Оливие Леноссиер маросими кушодашавии Маркази фарҳангиву иттилоотии «Ошёни тоҷик» дар шаҳри Женева баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳ шаҳрвандони тоҷики муқими Швейтсария, намояндагони корпуси дипломатӣ, мақомоти расмӣ ва дӯстони Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Маросимро Сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Ҷамшед Ҳамидов оғоз намуда, ин падидаро ба 25-умин солгарди истиқлолияти кишвари мо бахшид. Сафир нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар дастовардҳои кишвар тайи ин муддат алоҳида инъикос намуд.
Дар назар аст, ки тавассути ин марказ сокинони кишвари иқомат оид ба фарҳангу таърихи мардуми тоҷик, имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон маълумоти муфассал ба даст оранд.
Сафорат нақша дорад, то дар оянда аз имкониятҳои марказ истифода бурда, чорабиниҳои гуногуни фарҳангиро ҷиҳати муаррифии кишвари мо дар Швейстария доир намояд.

Сентябрь 20, 2016 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд