Донишҷӯёни ДМИТ бар зидди мухолифини давлати Тоҷикистон эътироз мекунанд

Сентябрь 23, 2016 17:19

Душанбе, 23.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо нишони эътироз аз ҳузури мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон дар конфронси марбут ба ҳуқуқи инсони Варшава дар донишкада ҷамъомад доир карда, мавқеъ ва андешаҳояшонро оид ба масъалаи мазкур иброз доштанд.

Фирӯзи Талбак, магистранти курси 1, яке аз ҷавонони фаъоли донишкада зикр намуд, ки «барои чӣ ҷавонони гумроҳи тоҷик дар Варшаваи Полша барои ким кадом террорист, аъзои ҳизбе, ки бо қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 ҳамчун гурӯҳи террористӣ эълон шудааст, ҳамоиш баргузор мекардаанду мо, ҷавонони тоҷике, ки дар фазои сулҳу суботи кишвари соҳибистиқлоламон зиндагӣ мекунем, таҳсил дорем, дар оғӯши падару модарем, хомӯш нишинем».

Ба иддаои ин ҷавонон, раиси ҲНИТ-и террористӣ ва мамнӯъшуда М. Кабирӣ мехоҳад ғаразҳои нопоки худро дар Тоҷикистон амалӣ созад ва ба воситаи ин нафарон нақшаҳояшро роҳандозӣ кунад.

Ҷовидон Халифаев, донишҷӯи курси 3 аз интиқоди Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат, ки ин ҷавонон дар Варшава кардаанд, изҳори норизогӣ карда, гуфт: «Хизматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди кишвар ва тарғиби дини Ислом хеле калон аст. Чун бо супориш ва дастури Пешвои миллат се маротиба нашр шудани китоби «Қуръон» ва эълони соли бузургдошти Имоми Аъзам дар соли 2009, фаъолияти масҷидҳои сершумор дар кишвар ва сохтмони масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ бо номи Имоми Тирмизӣ аст, ки ин ҳама барои ибодати бе монеаи мардуми мусалмон буда, эҳтирому арҷгузорӣ ба бузургони дини мубини  Ислом мебошад».

Донишҷӯёни ДМИТ арза доштанд, ки мо ҳамчун ҷавонони ватандӯсту сулҳхоҳ бояд ба он ҷавонони гумроҳу манфиатҷӯй, ки имрӯз бар зидди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан мегӯянд, ҳақиқатро фаҳмонем.

Сентябрь 23, 2016 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд