Коршиносон: Агар бовар доред, ки ҷиноят ва хиёнат ба миллат накардаед, марҳамат, ба Тоҷикистон баргардед

Сентябрь 24, 2016 09:59

Душанбе, 23.09.2016/АМИТ «Ховар»/. Тӯли чор рӯз аст, ки амали як гурӯҳ ҷавонони тоҷик, ки худро мухолифини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯянд ва ҳангоми ҳисоботи солонаи кишварҳои аъзои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба ченаки ҳуқуқи инсонӣ дар шаҳри Варшаваи кишвари Лаҳистон эътироз баён намуданд, дар сархати расонаҳо қарор дорад. Амали ин эътирозгарон ва рафтори САҲА тамоми қишри ҷомеаи тоҷикро сахт нигарон кардааст. Дар робита ба ин андешаи чанд нафар коршиносро пешниҳод менамоем.
Абдураҳмон Муҳаммад, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ: «Он гурӯҳи 20 нафарае, ки 19 сентябр ба толоре, ки он ҷо ҷаласаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар мавзӯи «Демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон» бо иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дошт, ворид гаштанд, маънои онро дошт, ки онҳо чӣ мақсаде доранд. Ин гурӯҳ дар мавриди он шикоят кардаанд, ки гӯё дар Тоҷикистон адолати судӣ нест ва ҳуқуқи маҳбусоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд, поймол мегардад ва онҳо хоҳиши бозгаштан ба Ватанро намуданд. Аз ин бармеояд, ки новобаста аз ҳодисаҳои моҳи сентябр дар Тоҷикистон рухдода, аксарияти намояндагони ҲНИТ пештар фирор карда буданд. Миёни фирориён нафароне ҳастанд, ки шояд дар ин ҳодиса даст надоштанд, вале худашон аз Тоҷикистон баромаданд. Қисми зиёди онҳо имрӯз дар Аврупо зиндагӣ доранд.
Дарвозаи Тоҷикистон барои ҳамаи тоҷикони ҷаҳон, ки хоҳиши дар Тоҷикистон зиндагӣ карданро доранд, ҳамеша боз аст. Ҳуқуқи онҳо ягон вақт поймол нашудааст ва ягон кас ҳам нияти поймол кардан надорад, агар дасти онҳо оғуштаи хун набошад. Агар онҳо дар кашмакашҳои сиёсӣ, ки дар натиҷа чандин нафарон ҷони худро аз даст доданд, дигар кардани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон иштирок надошта бошанд, касе ба онҳо зиёне ҳам намерасонад ва ҳуқуқи онҳо ҳам поймол намешавад. Онҳо озодона метавонанд ба Тоҷикистон баргарданд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нафароне буданд, ки аъзои ин ё он ҳизбу созмоне буданд. Онҳо бар зидди давлати қонунӣ ҷанг карданд ва ё дар воқеаҳои моҳи сентябр иштирок карданд. Онҳо медонанд, ки Тоҷикистон пештар дар кадом ҳолат буду имрӯз дар кадом ҳолат аст, барои ҳамин ҳеҷ вақт ба Тоҷикистон барнамегарданд ва таъсири худро ба ҷавонони тоҷике, ки саргардон ҳастанд, мерасонанд. Аз нуқтаи назари ман, имрӯз дар Тоҷикистон беҳокимиятӣ нест ва ҳама дар чорчӯбаи қонун барои гуноҳи кардагиаш ҷавобгар аст».
Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, сардори маркази оянданигарии АИҶТ: «Ҷалб кардани аъзои ҳизби мамнӯи Тоҷикистон ба ин ҳамоиш-ин як муқарароти зидди худи ҳуқуқи башар аст, ки онро ташкилкунандагони САҲА ба вуҷуд оварданд. Инҳо мухолифин нестанд, инҳо ҷинояткоранд. Мухолиф нафаре ҳаст, ки як барномаи мушаххас дорад ва барои пешбурди ҷомеа мусоидат мекунад. Даъвои қонунӣ дорад ва дар ҷомеа як мушкилоти он марҳила ба марҳила метавонад бардорад ва ҳал кунад. Инҳо як гурӯҳе буданд, ки дар Тоҷикистон ҷиноят карданд, гурехтанд ва боз рафта, дар СММ арз карданд. Бо далелҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати ҶТ инҳо ҷинояткор ҳастанд. Ин нафарон бо амали худ муносибати моро дар сатҳи байналмилалӣ бад мекунанд ва Тоҷикистонро бадном мекунанд. Ҳол он, ки онҳо ягон ҳуқуқи аз номи Тоҷикистон баромад карданро надоранд.
Онҳо хоҳиши бозгашт ба Тоҷикистонро кардаанд ва имрӯз ягон кас монеи бозгашти онҳо нест. Агар бовар доранд, ки ҷиноят ва хиёнат ба миллат накардаанд, марҳамат, ба Тоҷикистон баргарданд. Эътироз дар ҳамаи кишварҳо ҳаст, лекин эътирозе, ки дар пайи худ ҷиноят, террор, даҳшатафканӣ дошта бошад, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳо таъқиб мешавад. Ин як ҳуқуқи байналмилалиест, ки ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар дигар кишварҳо ҷорӣ аст.
Аз он чизе ки чанде пеш аз мусоҳибаи узви раёсати ҲНИТ Зарафо Раҳмонӣ дар сомонаҳои интернетӣ бардошт кардем, маълум гардид, ки ӯ ҳангоми дар муассисаи ислоҳӣ буданаш ягон хел шиканҷа нашудааст. Вай дар мусоҳибааш изҳор доштааст, ки чанд маротиба бемор шудааст ва ӯро сардухтури маҳбасхона хабар гирифтааст. Дар саҳифаҳои интернетӣ чанд маротиба дурӯғу иғвоҳо ҳам паҳн гардида буданд, вале баъдан мусоҳибаи собиқ узви ҲНИТ Сайфулло Ҳикматуллозода ва муовини аввалаш дар бораи дар маҳбасхона набудани ягон хел фишор ва зӯроварӣ нисбат ба онҳо интишор гардид. Аз гуфтаҳои инҳо мо хулоса мекунем, ки дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ягон хел шиканҷа вуҷуд надорад».
Саидумар Раҷабов, мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, ҳуқуқшиноси байналмилалӣ.
«Ҳуқуқҳои инсон асосан дар асноди байналмилалӣ дарҷ шудаанд. Яке аз ин аснод — ин паймони байналмилалӣ «Дар бораи ҳуқуқҳои инсон, ҳуқуқҳои гражданӣ ва ҳуқуқҳои сиёсӣ» ва дуюмаш «Дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ» мебошад. Ин ду санад соли 1966 аз ҷониби СММ қабул шудаанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон онро аз соли 1998 эътироф, яъне ратификатсия карда, ба онҳо ҳамроҳ шудааст. Мувофиқи ин аснод ҳар як шахс, ҳар як гражданини давлати соҳибистиқлол метавонад дар кишвари худ зиндагӣ кунад, метавонад берун аз кишвар рафта, зиндагӣ кунад ва боз озодона метавонад ба давлати худ баргардад. Агар ба шарте, ки ҷиноят содир накарда бошад. Ин ҳуқуқҳо дар Конститутсияи ҶТ дарҷ шудаанд. Он нафароне, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд, агар зидди давлат амалиёти тахрибкорӣ накарда бошанд, зидди давлати конститутсионӣ фаъолият набурда бошанд, пок буданашонро исбот кунанд, метавонанд ба Ватан баргарданд ва зиндагӣ кунанд.
Дар ин самт санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Яке аз муоҳидаҳои СММ -ин «Муоҳида алайҳи шиканҷа» аст, ки соли 1984 қабул шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 ба он ҳамроҳ гардид. Инчунин мутобиқи Кодекси ҷиноятии ҶТ мақомоти расмие, ки нисбат ба маҳбусон шиканҷаро раво мебинанд, ба онҳо ҷазо муайян карда шудааст. Борҳо Ҳукумати ҶТ ба созмонҳои байналмилалӣ ҳамроҳ бо намояндагони ВАО-и ватанию хориҷӣ иҷозати ба маҳбасхонаҳо рафта, дидану санҷидани вазъро додааст. То ҳол аз ҷониби ягон созмони байналмилалӣ шикоят ҳам ворид нашудааст.
Мурофиаи судии аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бо риояи муқаррароти қонунгузорӣ ва актҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда ҷараён гирифт. Дар ҷараёни тафтишоти муқаддамотӣ аъзои ҳизб бо вакилон ва кафолатҳои мурофиавӣ таъмин шуданд. Дар ҷараёни тафтиш ва муҳокимаҳои судӣ ҳеҷ нафаре аз аъзои ин ҳизб аз ҷониби сохторҳои давлатӣ мавриди шиканҷа ё дигар аъмоли ғайриқонунӣ қарор нагирифтааст. Ҳукми аъзои ин ҳизб аз ҷониби Суди олии Тоҷикистон мутобиқ ба қонунгузории кишвар ва ҳам қонунҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда содир шуд».

Сентябрь 24, 2016 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид