Мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону сокинони ноҳияи Нуробод

Сентябрь 25, 2016 12:37

 Душанбе, 25.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ, инчунин тамошои намоишгоҳи дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳияи Нуробод дар маркази ноҳия бо фаъолону сокинон суҳбату мулоқоти судманду самимӣ доир намуданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо солгарди 25 – уми истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бунёд гардидани биноҳои хуштарҳу замонавӣ, роҳу пулҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, даҳҳо иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва тиҷоративу хизматрасониро, ки боиси ободу зебо гардидани диёри биҳиштосо ва хеле беҳтар шудани шароити зиндагиву фаъолияти сокинон шудааст, аз баракати истиқлолияту ваҳдат ва пуштибонии мардум аз сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карданд.

Таъкид гардид, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар ба рушду пешрафти ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Нуробод аҳаммияти хосса зоҳир намуд.

Натиҷаи ҳамин дастгириву ғамхориҳост, ки дар давоми бисту панҷ соли истиқлолият барои вусъати корҳои созандагӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Нуробод аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ қариб 800 миллион сомонӣ сарф шуда, илова бар ин, дар се соли оянда барои рушди ноҳия аз буҷети давлатӣ ҷудо намудани беш аз 230 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави ноҳия ба маблағи умумии қариб 425 миллион сомонӣ 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи барқарорсозии баъдиҷангӣ амалӣ шуда, айни замон татбиқи се лоиҳаи дигар идома дорад.

Бо мақсади ҳалли масъалаҳои гуногуни ноҳияи Нуробод ва бахусус, суръат бахшидан ба корҳои созандагиву ободонӣ амалисозии Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2013-2017 идома ёфта истодааст, ки дар доираи он татбиқи 189 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 200 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти пурсамари меҳнаткашони ноҳия дар бахшҳои зироаткорӣ, боғпарварӣ, занбӯриасалпарварӣ изҳори қанотмандӣ карда, онҳоро барои истифодаи пурраи имкониятиҳо ҳидоят намуданд.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони шукргузори ноҳияи Нуробод баромад карда, барои таъмини шароити созгори кору зиндагӣ ба Сарвари давлат изҳори сипосу қадршиносӣ намуданд.

Сентябрь 25, 2016 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд