Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарият, кормандон ва собиқадорони Вазорати корҳои хориҷӣ

Сентябрь 29, 2016 12:59

Душанбе, 29.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мавриди истифода қарор додани бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои асосии вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба нахустин таҷлили “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” бо роҳбарият, кормандон ва собиқадорони ин ниҳоди муҳим мулоқоти судманд анҷом доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бори дигар иштирокчиёни мулоқотро бо ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ ва ифтитоҳи бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ табрику шодбош гуфта, ба ҳамаи онҳо дар ҷодаи пешбурди хизмати дипломатӣ барору комёбиҳо таманно намуданд.

Тавре таъкид шуд, аз соли ҷорӣ сар карда, рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон ҳамчун “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” таҷлил мегардад ва 29 сентябри соли 1993 дар таърихи муосири сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи воқеан муҳим ба шумор рафта, дар ин рӯзи хотирмон аввалин маротиба аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки рӯйдоди 29 сентябри соли 1993 аз лиҳози мазмуну ғоя ва ҷанбаҳои сиёсӣ на фақат барои кормандони дипломатии кишвар, балки барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аҳаммияти муҳим ва таърихӣ дорад.

Пас аз суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз номи кормандон ва собиқадорони соҳаи дипломатияи тоҷик академик Талбак Назаров ва Абдунабӣ Сатторзода баромад карда, оид ба саҳми бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба арсаи ҷаҳон баровардани сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати кишвар, дипломатияи тоҷик ва муаррифии давлату миллати тоҷик аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи олам андешаронӣ карданд.

Сентябрь 29, 2016 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд