Муовини Сарвазири ҶТ Азим Иброҳим: Омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронӣ дар вилояти Хатлон то моҳи сентябри соли 2016 ғайриқаноатбахшанд

Сентябрь 26, 2016 17:52

Душанбе, 26.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябри соли 2016 дар шаҳри Қўрғонтеппа дар ҳузури муовини Сарвазир Азим Иброҳим — Раиси ситоди ҷумҳуриявии кишвар «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017»  бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, ҷаласаи сайёри ин ситод баргузор гардид.

Муовини Сарвазир қайд намуд, ки мутобиқи маълумоти таҳлилӣ вазъи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ барои солҳои 2016-2017 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нигаронкунанда буда, ислоҳи сарвақтии он зарур ва ҳатмӣ мебошад, аз ҷумла:

Соҳаи молия:

 Тибқи маълумоти таҳлилӣ барои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои соҳаи маориф дар маҷмўъ 7322,1 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, то  1 августи соли 2016 дар амал 1482,1 ҳазор сомонӣ ё 20,2 фоиз ҷудо карда шудааст.

Дар соҳаи тандурустӣ ҷудо намудани 798,6 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар амал ҳамагӣ 78,7 ҳазор сомонӣ ё 9,8 фоиз маблағгузорӣ шудааст.

Инчунин барои  омодагии муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Панҷ, Шаҳритуз, Н.Хусрав, Фархор то 1 августи соли 2016 барои зимистонгузаронӣ умуман маблағ ҷудо карда нашудааст.

Дар маблағгузории соҳаи тандурустӣ низ чунин ҳолат ба назар мерасад, яъне то 1 августи соли 2016 аз буҷетҳои маҳаллӣ барои ноҳияҳои Вахш, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, А.Ҷомӣ, Панҷ, Шаҳритуз, Н.Хусрав, Восеъ, Фархор, Муъминобод, Ш.Шоҳин ва муассисаҳои вилоятӣ маблағҳои зарурӣ умуман ҷудо карда нашудаанд.

Соҳаи тандурустӣ:

Дар муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳияҳои Бохтар, Қубодиён, Панҷ, Восеъ ва Темурмалик аз 64,0 то 97,0 фоиз, дар 9 шаҳру ноҳия аз 50 фоиз камтар ангишт захира шуда, дар 11 шаҳру ноҳияҳои боқимонда ангишт умуман харидорӣ ва захира карда нашудааст.

Ҳамзамон дар 14 шаҳру ноҳияҳо ҳезум умуман захира карда нашуда, дар ноҳияҳои Бохтар ва А. Ҷомӣ мутаносибан 24 ва 60 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои боқимонда ҳамагӣ аз 1,0 то 18,0 фоиз ҳезум захира карда шудаасту халос.

Соҳаи маориф:

Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон танҳо дар ноҳияҳои Данғара 601 тонна  (136,0%), Ёвон 500 тонна (67,0%), шаҳрҳои Кўлоб 25 тонна (12,2%), Норак 10 тонна (43,0%), Сарбанд 10 тонна (10,7%) ва Қўрғонтеппа 150 тонна (52,0%) ангишт захира кардаанд, ки ин 13,2 фоизи иҷрои нақшаро дар бар гирифта, дар дигар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят то ҳол ангишт харидорӣ ва захира карда нашудааст.

Соҳаи барқ:

Ҷиҳати омодагии шабакаҳои барқии вилоят ба зимистонгузаронӣ Нақшаи чорабиниҳо иборат аз 154 банд тасдиқ карда шудааст, ки аз онҳо то давраи ҳисоботӣ 67 банд 100,0 фоиз, 22 банд 90,0 фоиз, 22 банд 50,0 фоиз, 13 банд 25,0 фоиз амалӣ гардида, иҷрои 30 банди боқимонда аз моҳи сентябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Соҳаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард:

Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон» барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 маводи зиддилағжиш 12,7 ҳазор тонна ба нақша гирифта шуда, то 1 августи соли ҷорӣ ба миқдори 7,9 ҳазор тонна ё 62,0 фоиз захира карда шудааст.

Ҷиҳати нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои вилоят барои мавсими зимистонгузаронӣ 137 адад воситаҳои нақлиёти махсус ва механизмҳо омода карда шудаанд, ки аз онҳо 40 адад дар мавсими зимистон ба ағбаҳои Сарбанд, Фахробод, Султонобод, Шар-Шар ва Шўрообод вобаста карда мешаванд.

Соҳаи кишоварзӣ:

Ҷиҳати омодагӣ ва захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ то 1 августи соли 2016 дар вилоят ғалладонагиҳо 435882 тонна, аз ҷумла гандум 401912 тонна, картошка 72401 тонна, сабзавот 330356 тонна, полезӣ 227542 тонна ва мевагӣ 23863 тонна истеҳсол карда шуда, ҷамъоварии зироати кишоварзӣ идома дорад

Дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон 611319 тонна ё 85,9 % хўроки дурушт ва 7975 тонна ё 18,4 % хўроки ширадор ва 380653 тонна ё 84,0 % коҳ захира карда шудааст.

Истихроҷи ангишт:

Дар ҳудуди вилояти Хатлон Корхонаи фаръии «Кони ангишти «Шўрообод» (н.Ш.Шоҳин) фаъолият менамояд ва истихроҷи ангишт дар он ба 350 тонна расонида шудааст, ки ин 35,0 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Нархи фурўши 1 тонна ангишти аълосифати кони мазкур 250 сомонӣ ва хокаи он 200 сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти дастрасгардида муайян карда шуд, ки дар ҳудуди вилоят 564 адад корхона ва коргоҳҳо фаъолият доранд, ки аз онҳо 64 адад ё 11,3 фоиз бо сўзишвории ангишт кор мекунанд.

Тибқи таҳлилҳо талаботи вилояти Хатлон ба ангишт дар як сол  250–300 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истихроҷи ангишт аз кони «Шўрообод»  талаботи вилоятро таъмин карда наметавонад ва ангишти боқимонда аз конҳои «Фон-Яғноб» ва «Зиддӣ» таъмин карда мешаванд.

Бо назардошти имкониятҳои мавҷуда муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини вазорату идораҳои соҳавӣ ва роҳбарияти Ситоди зимистонгузаронии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супоришҳои мушаххас дод.

Дар интиҳои ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат ҳолати омодагии вилоят ба зимистонгузаронии солҳои 2016-2017-ро ғайриқаноатбахш ҳисобида, ҷиҳати сари вақт ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба вазорату сохторҳои масъул дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Сентябрь 26, 2016 17:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
Масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» дар Душанбе баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро бо Словакия дар соҳаи роҳу нақлиёт тақвият медиҳад
ТАҲҚИҚИ ХОК. Баъзе аз кишоварзон бе назардошти маълумоти ташхиси корҳои агрокимёвии хок ва шароити иқлимӣ-иқтисодии минтақа фаъолияти истеҳсолиашонро оғоз менамоянд