Натиҷагирӣ аз дастовардҳои илми мамлакат дар 25 соли Истиқлолият

Сентябрь 30, 2016 17:01

Душанбе, 30.09.2016/АМИТ «Ховар»/. Дастовардҳои илми мамлакат дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ва ҳалли мушкилоти он имрӯз зимни баргузории конфронси илмӣ дар мавзӯи «Рушд ва дурнамои илм дар замони Истиқлолият», ки бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар доир гардид, баррасӣ шуданд.
Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки баргузории конфронс идомаи чорабиниҳои марбут ба таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буда, ҳадафаш таҳлил ва арзёбии масоили марбут ба рушди соҳаи илми ҷумҳурӣ ва мушкилоти он аст.
Дар конфронс намояндагони Парлумон, муҳаққиқон, олимон, мутахассисон, намояндагони вазорату идораҳо, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат намуда, масоили марбут ба рушди минбаъдаи илмро баррасӣ намуданд.
Зикр шуд, ки дар зарфи 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар соҳаи илм ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар кишвар даҳҳо муассисаҳои илмӣ таъсис дода шуданд, ки нақши онҳо дар рушд ва пешрафти илми кишвар муҳим мебошад.
konfronsi-mts-1Яке аз дастовардҳо дар ин бахш- таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи илм аст, ки баъди соҳибистиқлолии кишвар барои низоми идораи илм дар мадди аввал қарор гирифта буданд. Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм», «Дар бораи Академияи илмҳо» қабул гардида, Комиссияи аттестатсионӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ- тадқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳо таъсис дода шуд, ки дар ташкили низоми идораи илм нақши муассир мегузорад.
Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар афзуд, ки раванди ҷаҳонишавӣ ба соҳаи илм низ таъсири худро мегузорад, зеро илм соҳаи калидии рушди тамоми миллату давлатҳост. Дар чунин шароити ҳассоси ҷаҳонишавӣ кишварҳои пешрафта барои аз худ намудани бозори кадрҳои илмӣ мубориза ва рақобати шадид мебаранд, чунки рушди ҷомеа ва давлатҳо бевосита ба дастовардҳои илмӣ тавъам аст. Ин аст, ки кишварҳои мутараққӣ ба масъалаҳо ва кадрҳои илмӣ бештар таваҷҷуҳ мекунанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ он кишварҳое зарар мебинанд, ки вазъи илм дар ҳолати рукуд аст ва дастгирӣ намеёбад. Ва неруи зеҳнӣ аз кишварҳои қафомонда ба давлатҳои пешрафта рӯ меорад, зеро дар раванди ҷаҳонишавӣ илм дар марҳилаи ҳассос қарор дорад.
Бо такя ба вазъи феълии илми кишвар корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ гуфт, ки дар ҷумҳурии мо мушкилот дар соҳаи илм вуҷуд доранд, зеро то ҳанӯз илми ҷумҳурӣ аз низоми идоракунии пештара раҳо нагардидааст. Дар омода намудани кадрҳои илмӣ дар миқёси кишварҳои шӯравии собиқ Тоҷикистон ягона кишвар аст, ки то имрӯз Комиссияи олии атестатсионии худро дар шакли фаъоли амалкунанда надорад. Он гарчанде, ки ду сол қабл бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис шуда буд, вале фаъолияташ назаррас нест,- таъкид кард А. Қурбонов.
akademiya-2Мавсуф афзуд, ки то имрӯз мо аз Комиссияи аттестатсионии Русия диплом мегирем ва бояд оқибатҳои онро андеша намоем, зеро ин раванд ба амнияти зеҳнии миллатамон хатарнок аст. 25 сол инҷониб маблағгузории соҳаи илм аз буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, аммо натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар ихттиёри кишвари бегона — Русия аст. Атрофи ин масъала борҳо миёни коршиносон, донишмандон ва муҳаққиқон баҳсу мунозираҳо сурат гирифтаанд. Ҳамзамон А. Қурбонов афзуд, ки Тоҷикистон барои идораи илм таҷриба ва заминаи хубу кофӣ дорад. Таъсиси чандин академияҳои соҳавӣ, макотиби олӣ, сохторҳои Вазорати маориф ва илми кишвар, ки мутахассисони зиёдро омода менамоянд, далели ин гуфтаҳост.
«Новобаста ба ин ҳама дастовардҳо, илми кишвар ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад, ислоҳоте, ки бояд амалӣ шавад ва мувофиқ ба талаботи илми ҷаҳони муосир бошад»,- мегӯяд корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар.
Дар конфронс ҳамзамон масоили марбут ба татбиқи сиёсати давлатӣ ва низоми идоракунии соҳаи илм дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағгузории илм, низоми идора, омода намудани кадрҳои илмӣ, санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии илм, нақши академияҳои соҳавӣ дар рушди илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ, дар таъмини амнияти миллӣ, муҳоҷирати «зеҳнҳо» ва таъсири он ба ҳаёти илмӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ, вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи илм, пояи моддию техникии муассисаҳои илмӣ ва дигар масоили марбут ба пешрафт ва рушди илми кишвар баррасӣ гардиданд.
Дар анҷоми конфронс китоби нави «Амнияти зеҳнӣ ва Истиқлолияти давлатӣ» муаррифӣ гардид.

Сентябрь 30, 2016 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон баргузор мегарданд
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус