Оғози муҳорибаҳои омехта аз ҷониби Федератсияи панкратион дар Маҷмааи варзишии «Динамо»

Сентябрь 23, 2016 16:01

Душанбе, 23.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Федератсияи панкратиони муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҷавонону наврасон аз намуди муҳорибаҳои омехта (панкратион) мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оғоз гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, дар мусобиқа 164 варзишгари ҷавону наврас аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз 10 то 17-сола ва аз он боло иштирок намуда, барои ба даст овардани ғолибият қувваю маҳорати хешро месанҷанд.
Роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилии ҶТ, полковники милитсия Анварҷон Ализода аз номи Вазири корҳои дохилӣ варзишгаронро бо 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо бурдборию муваффақият таманно намуд. Зикр гардид, ки варзиш қосиди сулҳ ва таҳкимдиҳандаи дӯстию рафоқат буда, дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстию пешгирӣ аз амалҳои номатлуб ва интихоби ҳаёти дуруст нақши босазо дорад.
Дар мусобиқаи имрӯза варзишгарони ҷавону наврас мувофиқи соли худ ва аз рӯи вазни муайян (аз 30 то 76 кг) ба майдон баромада, бо ҳам рақобат мекунанд.
Мусобиқаи муҳорибаҳои омехта тайи ду рӯз- 23-24 сентябр идома меёбад.

Сентябрь 23, 2016 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид