Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Лахш

Сентябрь 26, 2016 11:22

Душанбе, 26.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Лахш ташриф оварданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи Лахш роҳбарият ва сокинони ноҳия бо шукуҳу шаҳомати хоса ва самимияти беандоза нисбат ба Пешвои миллат истиқбол гирифтанд.

Дар ин ҷо нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сокинони деҳоти ноҳияи Лахш ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахши ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

Зимни боздид аз намоишгоҳ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ноҳия соли равон дар майдони 6 ҳазору 235 гектар кишти зироатҳои гуногун ба роҳ монда шуд ва деҳқонони соҳибтаҷриба бо истифода аз шароиту иқлими мусоид ҳосили фаровон ҷамъоварӣ карданд.

Кишоварзони ноҳия ба Пешвои миллат мужда расониданд, ки соли ҷорӣ ҳосили интизорӣ аз кишти картошка ҳудуди 100 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ин ноҳияи баландкӯҳи Тоҷикистон, ки шуғли асосии кишоварзонаш истеҳсоли картошка, чорводорӣ ва боғпарварӣ мебошад, яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ дар амал татбиқ мегардад. Дастурхони густурдаи пурнозу неъмати имрӯзаи сокинони ноҳияи Лахш далели ҳамин гуфтаҳост.

Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ноҳия ба рушди ҳунарҳои мардумӣ низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуд. Аз ҷумла ҳунари гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ ва қолинбофии дастӣ ривоҷу равнақ ёфт.

Зимни шиносоӣ бо дастовардҳои сокинони ноҳияи Лахш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки роҳандозии маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ дар шароити хона ва таъсиси корхонаҳои хурд барои ҳунармандон манфиатовар буда, бо ин восита даҳҳо ҷойи нави корӣ барои занону духтарон муҳайё мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми панҷ соли охир бо ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия қолинбофии дастӣ аз нав эҳё гардид ва ҷиҳати рушди ин ҳунари аҷдодӣ, аз ҷумла омӯзонидани он ба занону духтарони хонашин дар марказ ва деҳоти он чандин коргоҳҳои хурд сохта ба истифода дода шуданд.

Ба гуфти ҳунармандон амалӣ гардидани иқдоми мазкур боис ба он гашт, ки теъдоди зиёди бонувони бешуғл бо азхуд кардани ҳунари қолинбофӣ зиндагии худро беҳтар намоянд.

Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ кадбонуҳои ҳунарманди ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Лахш таомҳои гуногуни хушлаззатро омода ва пешкаши меҳмонон карданд.

Сентябрь 26, 2016 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт