Сабзалӣ Муродзода: «Қаиқам ба соҳили мурод расид»

Сентябрь 17, 2016 08:55

Душанбе, 17.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Рӯзи сафед»- таҳти чунин унвон Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Муродзодаи Шариф  намоиши асарҳояшро ба дӯстдорони санъати волои рассомӣ  пешкаш намуд. Намоиш  дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуда, дар он рассом беш аз 20 асари худро пешниҳод кардааст. Бояд гуфт, ки намоиш ба ҷашни 25 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50-солагии эҷодиёти рассом бахшида шудааст. Бо мақсади аз наздик ошно гаштан бо асарҳои ин марди ҳунар  хабарнигори АМИТ «Ховар» аз намоиш дидан намуда, бо муаллифи асари «Рӯзи сафед» Сабзалӣ  Муродзодаи Шариф суҳбат намуд, ки фишурдаашро пешкаши хонандагон менамоем.

dsc_0530«Ховар»: Тавре ки маълум аст, намоиши расмҳои Шумо «Рӯзи сафед» номгузорӣ шуда буд. Сабаби чунин  номгузорӣ дар чист?

Сабзалӣ Муродзода: Пеш аз ҳама, бояд гӯям, ки барои ман анъана шудааст, то ҳар 10-сола намоиши асарҳоямро баргузор намоям. Дар даврони Шӯравӣ ман боре ҳам асарҳоямро намоиш надода будам. Ман аз  ҳодисаҳои нангини солҳои 90-уми кишвар дар изтироб шуда, бахшида ба ҷанги бародаркуш як силсила асарҳо эҷод намуда будам ва онро ҳангоми ҷашни   5-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизам намоиш додам. Ин нахустнамоиши ман дар диёри азизам буд. Ман то он давра дар Маскав, Маҷористон, Афғонистон, Кипр, Олмон, Лаҳистон   асарҳоямро ба тамошобинон пешкаш карда будам. Асарҳо  таҳти унвони «Сиёҳу сафед», ки ба ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шуда,  тамоми дарду эҳсосоти маро таҷассум менамуданд, аввалин бор дар Тоҷикистон  намоиш дода шуданд. Баъдан намоиши дуюмам таҳти унвони «Субҳи сафед» гузашт, ки дар айни замон ин асар дар толори Китобхонаи миллии пойтахт ҷой гирифтааст. Дар он асарҳо  ба даст овардани истиқлолият, бедоршавии мардум,    худшиносии миллӣ, сулҳу субот инъикос ёфта буд.

Намоиши имрӯзаи ман «Рӯзи сафед» номгузорӣ шудааст. Бештари тамошобинон андеша доранд, ки он пайравӣ ба ду намоиши пешинаам аст. Вале дар асл ин тавр нест.  Сабаби чунин номгузорӣ шудани ин намоиш набераам буд.  Вай рӯзе ба коргоҳи ман омада, як асарчаи худро пешкаш  намуд. Ин асар имрӯз дар ин намоиш ҷой дода шудааст. Вақте ман аз ӯ пурсон шудам, ки номашро  чӣ мемонӣ, «Рӯзи сафед» ҷавоб доду ин ном ба ман низ маъқул афтод. Тавре гуфтам, ман ҳар 10 сол асарҳоямро ба намоиш мегузорам. Асарҳои ман ба  пешравии зиндагӣ, таърихи Тоҷикистон, симоҳои фарзандони баруманду нафароне, ки барои истиқлолияти Тоҷикистон ҷон супоридаанд, бахшида шудааст.

Тавре ки имрӯз шумо мушоҳида кардед,   ин ҷо асари сегона- «Темурмалики монеашикан», «Шераки шуҷоъ», «Орзуи Спитамен» ба маъраз гузошта шудааст. Онҳо низ дар роҳи истиқлолият ҷонфидоӣ кардаанд. Дар намоиши имсола асарҳо аз хазинаи худи осорхона гирифта шудаанд, ки онҳоро ман  дар даврони Шӯравӣ эҷод карда будам.

dsc_0521«Ховар»: Барои таҳияи ин силсила расмҳо манбаи илҳоми Шумо кӣ буд ва ё кадом манзараҳои зебо ба Шумо илҳом мебахшанд?

Сабзалӣ Муродзода:  Манбаи асосӣ ҳангоми эҷод барои ман-  ин  фарзандони баруманду таърихии кишварамон, миллати ман ва  мардуми диёрам мебошанд.

 

 

 

 

dsc_0514«Ховар»: Тамошобини тоҷик намоиши имсоларо чӣ  тавр қабул намуд?

Сабзалӣ Муродзода: Ба андешаи ман, мухлисони асарҳои тасвирӣ нисбат ба солҳои пешин  камтар  шудаанд. Вале бояд гуфт, ки  ҳарчанд тамошобин кам бошад ҳам, аммо онҳо аз нигоҳи касбӣ ба асарҳо баҳо доданд. Тамошобини имрӯза ба асарҳои рассомӣ бо нигоҳи касбӣ  менигарад. Бигзор тамошобин кам бошаду бо нигоҳи касбӣ ба кори мо- рассомон баҳо диҳад.  Дар доираи ин намоиш ман инчунин якчанд вохӯриро бо ҷавонону донишҷӯён ба нақша гирифтаам.

 

 

 

dsc_0522«Ховар»: Ба андешаи Шумо сатҳи касбии  рассомони ҷавон имрӯз  дар кадом поя аст? Оё дар ин самт ягон пешравӣ ё камбудӣ ба назар мерасад?

Сабзалӣ Муродзода: Ростӣ, ман ба ҷавонон беғаразона ҳасад мебарам, зеро онҳо ҷавонанд. Ман доим ба онҳо мегӯям, ки кош ман боз як бори дигар ҷавон шавам.  Ҷавонӣ- ин қувва, завқ, ҳаракат  мебошад. Ман ҳам дар ҷавонӣ доим дар ҷустуҷӯ будам, ба идеалҳои худ тақлид мекардам. Вале ман доимо ҳаракат мекардам, то қаиқамро ба соҳили мурод худам расонам. Ба назарам қаиқи ман ба соҳили мехостаам расид. Ҷавонони имрӯза соҳили худро ҷустуҷӯ намекунанд. Онҳо танҳо барои дарёфти  маблағ кор мекунанд.  Аксар ҷавонони мо имрӯз тасвири манзараро пеш гирифтаанд, зеро  он харидори зиёд дорад. Лекин масъалаи эҷод коста шуда истодааст. Имрӯз санъати тасвирӣ дар ҷаҳон шаклу равияҳои муосир пайдо карда, рассомони ҷавон онҳоро бояд омӯзанд. Дар ҳар давру замон равияи нав пайдо мешавад ва мо набояд  аз он ақиб монем, зеро мо давлати соҳибихтиёру дунявӣ ҳастем. Имрӯз ҷавонон имкон доранд асарҳои зиёд эҷод кунанд,  Тоҷикистони нав,  зиндагии нав,  мардуми бедор, беҳбудиҳои соҳаи  сохтмон,  роҳу нақбҳоро дар асарҳояшон тараннум созанд. Худи ҳамон қаторае, ки чанде пеш аввалин бор бо роҳи навбунёди Душанбе-Ёвон-Қурғонтеппа ба сафар баромад, як асар аст.  Мардуме,  ки ин қатораро истиқбол мегирифт, чеҳраи хандони кӯдакон,  манзараи зебои деҳаҳо-ҳамаи ин ба эҷоди асар водор месозад, то он фардои таърихи мардуми мо гардад.

dsc_0482«Ховар»: Шумо дар оянда эҷоди кадом асарҳоро дар нақша доред?

Сабзалӣ Муродзода: Тавре ки гуфтам, агар саломатиам даст диҳад,  боз як асари дигар  эҷод мекунам. Боқӣ  қувваамро барои набераҳоям сарф мекунам, то онҳо ба по хезанду ҳамон нақшаҳоеро, ки ман амалӣ карда натавонистам, ба сомон расонанд.

Аз муаллиф: Бояд гуфт, ки Сабзалӣ Муродзодаи Шариф муаллифи Нишон ва Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасвири орденҳои давлатии «Исмоили Сомонӣ», «Спитамен», «Дӯстии халқҳо»,  медали ҷоизаи ба номи «Абуабдулло Рӯдакӣ», медали «Ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Вай бо унвонҳои «Рассоми халқии Тоҷикистон», «Арбоби хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуда, дорандаи  Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ мебошад.

Намоиши «Рӯзи сафед» то 1 октябр ба тамошо гузошта мешавад.

 

 Лайло Қосимова

Сентябрь 17, 2016 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад