Семинари Гурӯҳи Авросиё барои намояндагони бахши хусусӣ

Сентябрь 24, 2016 08:15

 Душанбе, 24.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар  доираи иҷрои барномаи муштарак дар хусуси омодагӣ ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайн оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони Ассотсиатсияи бонкҳои ҶТ, Ассотсиатсияи аудиторони ҶТ, Иттифоқи адвокатони ҶТ, мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ (бонкҳо), ширкатҳои суғуртакунанда ва ширкатҳои аудиторӣ  семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар семинар мутахассисони Гурӯҳи Авросиё ба иштирокдорон дар мавриди нақши бахши хусусӣ ҳангоми баҳодиҳии тарафайн, мутобиқати баҳодиҳии меъёрҳои техникӣ ва дарки хавфу хатар ҳангоми баҳодиҳии тарафайн маълумот пешниҳод намуданд.

Тавре ки аз хадамоти матбуоти БМТ хабар доданд, иштирокдорони семинар дар навбати худ оид ба тарзу усулҳои ба роҳ мондани назорати дохилӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда ва маблағгузории терроризм дар ташкилотҳо сухан гуфта, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Зимнан, изҳори боварӣ карда шуд, ки семинари мазкур дар пешбурди фаъолияти низоми бонкии мамлакат, ташакули равобити хуби корӣ бо Гурӯҳи Авросиё оид ба МҚД/МТ, табодули таҷриба байни ташкилотҳои қарзӣ ва тарзи дурусти истифодаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон  мусоидат хоҳад кард.

Тавре пештар хабар дода будем,ин  семинар бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм баргузор гардида, тӯли се рӯз ҳайати котиботи Гурӯҳи Авросиё мутахассисони сохтору идораҳои дахлдори давлатӣ ва ташкилоту ассотсиатсияҳои тиҷоративу ҷамъиятиро бо тартиби баҳодиҳии тарафайн дар хусуси муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм шинос намуда, ба иштирокдорони семинар бо овардани мисолҳо аз таҷрибаҳои беҳтарини дигар кишварҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Сентябрь 24, 2016 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид