Шиносоии Сарвари давлат бо намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Рашт

Сентябрь 27, 2016 08:56

Душанбе, 27.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Рашт шинос шуданд.

Тавре маълум гардид, хоҷагидорон дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ дастовардҳои назаррасро соҳиб гашта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми фаъол мегузоранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Насим»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум, ки баҳори соли 2016 дар майдони қариб як гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст, шинос шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Насим» навъҳои ниҳоли себи заринтоб, бибиҷон, шоҳҳусайнӣ ва ноки сантамария шинонда шудааст, ки дар маҷмуъ ниҳолҳои шинондашуда 1100 ҳазор бехро ташкил дода, аз ин шумора 900 адад себ ва 200 ададаш нок мебошад.

Бо мақсади истифодаи самараноки замин хоҷагидорон дар қатори ниҳолҳои боғи интенсивӣ кишти зироатҳо, ба монанди мош, лубиё ва бодиринги навъи беназирро ба роҳ мондаанд.

Дар қатори боғи мевадиҳандаи «Хитоӣ» низ кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла шалғам, сабзӣ, лубиё, турб ва мош гузаронидаанд, ки агротехникаи парвариш бо пуррагӣ риоя карда шудааст.

Сентябрь 27, 2016 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон