Қудрати ҷӯе надорӣ, шӯриши дарё макун!

Сентябрь 24, 2016 08:04

Душанбе, 24.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Чанде аз тиҳимағзону манфиатхоҳон барои бароварди будубошашон дар хориҷ аз кишвар дар ҳошияи нишасти САҲА оид ба ҳуқуқи инсон дар Лаҳистон гирдиҳамоиҳои «эътирозӣ» доир кардаанд. Ин нафарон, ки дар Тоҷикистон ба дунё омадаву аз обу хони он ба воя расидаанд, дидаю дониста бо дасти хориҷиён ба сӯи зодбуми худ, ки дар ин ҷо падару модар ва пайвандонашон ба сар мебаранд, санг меафкананд. Ин нафарон, ки худро мухолиф ва ҳуқуқҳояшон поймолшуда муаррифӣ мекунанд, танҳо ба хотири будубош дар он кишварҳо, ки барояшон «биҳишт» метобад, дар ин ҳамоишҳои эътирозӣ иштирок мекунанд, то ки як муддати дигар барояшон раводиду маблағ диҳанд. Чунин ашхос, одатан нафароне ҳастанд, ки чашми худбин доранду халос, барои онҳо ягон муқаддасот-падару модар, ватану зодбум-мавҷуд нест.

Маврид ба зикр аст, ки аксари ин нафарон аз мафҳуми ибораи «ҳуқуқи башар» аслан хабаре надошта, танҳо тақлиди кӯр-кӯрона мекунанд. Ҳуқуқи башар чист? Ҳуқуқи башар ҳамонест, ки давлат амнияти шаҳрвандонашро дар ҳар ҳолат таъмин намуда, барои онҳо шароити зиндагии шоистаро фароҳам меорад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон тӯли 25-соли соҳибистиқлолӣ бо талошҳои пайваста суботи сокинони мамлакатро таъмин намуда, барои некӯаҳволии он корҳои шоистае анҷом дода истодааст. Кофист, ки бо бунёди роҳҳои наву замонавӣ пайвастани тамоми гӯшаю канори мамлакатро ба  қаламрави ягона ва бунёди садҳо НБО-и хурду бузург баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикиро далел орем. Инҷо метавон садҳо иқдомоти дигарро номбар кард, ки танҳо ба хотири таъмини амният ва боло бурдани сатҳи зиндагии шаҳрвандони кишвар равона шудааст, вале хонандаи огоҳ худ аз онҳо ба хубӣ дарк мекунад ва зикри онҳоро зарур намешуморем.

Бояд гуфт, ки ба ин гумроҳони миллат шахсони ғаразноку разил баҳри роҳандозии аҳдофи худ чунин «намоишҳои эътирозӣ»-ро тарғиб намуда, аз натиҷаи он ба манфиати худ кор мебаранд. Худ қазоват кунед, дар кадом ҳолат ҳуқуқи иштирокдорони ин ҳамоишҳо ё пайвандону наздиконашон поймол шуда? Онҳо, ки аслан дар Тоҷикистон нестанд, магар мешавад, ки Тоҷикистон ҳуқуқҳои онҳоро дар кишварҳои демократитарин поймол кунад? Ё дифоъ аз амнияти шаҳрвандон, таъмини суботу якпорчагии давлат, паси панҷара кашидани ашхоси ҷиноятпешаву «бозичаи дасти бегонагон» поймол кардани ҳуқуқи башар аст? Албатта, НЕ. Барои он, ки ҳуқуқи шаҳрванд он вақт поймол мешавад, ки давлат натавонад, ки таъмини амнияти шаҳрвандонро пиёда кунад, ба пасшавии некӯаҳволии он оварда расонад. Хушбахтона, имрӯз мо ин ҳолатҳоро дар Тоҷикистон намебинем, чунки аз рӯзи нахуст роҳбарияти олии кишвар ба нерӯи созандаю бунёдкори миллати худ такя намуда, тамоми иқдомоти некро баҳри рушди он татбиқ мекунад. Вале, мутаассифона, имрӯз нафароне ҳастанд, ки бо ғаразҳои разилонаи худ пешрафту шукуфоӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту субот дар Тоҷикистони азизро чашми дидан надошта, бо ҳар баҳонаи кӯчак мехоҳанд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба нуфузи кишвари мо таъсири манфӣ расонанд. Магар, роҳ додан ба гирдиҳамоиҳои ифротиву иғвоангез, шароит додан ба террористону ифротгароён, нодида гирифтани фаъолиятҳои ғайриқонунии ҷинояткорон ва амсоли инҳо демократия аст? Тавоноӣ ва демократӣ будани Тоҷикистон аст, ки нигоҳ накарда ба мушкилоту таҳдидҳои умдаи ҷаҳони имрӯза, метавонад аз ҳуқуқҳои шаҳрвандонаш дифоъ намуда, амнияту субот ва рушди ҷомеаро таъмин намояд.

Поймол шудани ҳуқуқи башар он ҳодисаҳое мебошад, ки шаҳрвандони осоишта дар кишварҳои пешрафта аз амалҳои ифротиву террористии ашхоси гуногуни ғаразноку манфиатҷӯ ҳалок мешаванд ва давлат наметавонад аз ҳуқуқҳои озодона зистани онҳо дифоъ кунад ё саҳлангорӣ мекунад. Хушбахтона, дар ин миён ҳолати мазкур ба қайд гирифта нашудааст.

Тоҷикистон, ҳарчанд кишвари ҷавону дар шароити буҳронии сиёсиву иқтисодӣ истиқлолият ба даст оварда бошад ҳам, бо нерӯи халқу миллати созандаи худ тавонист барои шаҳрвандонаш шароити озод зистан, озод гаштан, озод фаъолият кардан, озод гуфтанро фароҳам орад. Имрӯз ҳар як сокини кишвар аз он меболад, ки дар дилхоҳ вақт, бо хотири ҷамъу осуда метавонад дар тамоми гӯшаю канори кишвар, дар хиёбону гулгашҳо осуда гаштугузор кунад, бо дили пур фарзанди худро танҳо ба мактаб фиристад, ба осудагӣ кору фаъолият кунад, зеро комилан муътакид аст, ки сарвари интихобкардааш мардумӣ асту ҳамеша аз манфиатҳои ӯ дар ҳар ҳолат дифоъ мекунад.

Баҳри онҳое, ки норозистанд аз зиндагӣ,

Ҷанг бо ҳамсояи худ низ шӯриш будааст!

Ин гуна ашхос аслан нафароне, ҳастанд, ки дар зиндагӣ роҳу пайроҳаи худро надоранд, ноуҳдабарову номуваффақанд. Аз ин нотавониҳои худ ҳамеша дар ҷаҳолату разолат буда, чашми диди муваффақи дигаронро надоранд. Аз ин рӯ, онҳо ин нотавонии худро танҳо дар «ҷанг» бо дигарон қисмат мекунанд. Чунки, эшон дигар ба ҳеҷ кори созандаву таъминкунандаи хеш қобил нестанд. Танҳо ба ҳангомаву ғавғоандозию аз натиҷаи он рӯзгор гузаронидан қобиланд.

Ин ноаҳлону мунофиқон боре намеандешанд, ки худ чи кори нек анҷом доданд, ки лоақалан нафаре ё гурӯҳе манфиат дида бошад, пас ба кори дигарон баҳо диҳанд. Давлатдорӣ кори саҳлу осон нест, ки ҳар шахси тамаллуқкору мансабҷӯ аз уҳдаи он барояд. Солҳои охир нафароне зиёде пайдо шудаанд, ки ба маънии томи давлатдорӣ сарфаҳм нарафта, ба кори давлат «баҳо» медиҳанд. Барои сарварӣ намудани давлату миллат, пеш аз ҳама рӯҳияи мардумӣ бояд дошт, то равони мардумро шинохту ба дарди он кора кард.

Банда ба созандагон ва ҳаводорони ин амали нангин, дар шумули М. Кабириву косалесони террористаш, ки дар назди ҷаҳониён  аз ҳамватан будани онон ба нанг омадаем, гуфтаниям: «Шумо, ки дар дил ғами миллат куҷо, раҳми падару модари худро надоред, пас аз куҷо ба мисли чуғз бонги «ғамхорӣ»-и террористону ҷиноятпешагонро ҷорҷ мезанед? Шумо аслан ҳеҷ касед, танҳо ғуломони хоҷагоне, ки бароятон хӯроки «лазиз»-у шароити «мувофиқ» фароҳам меоранд. Фаромӯш накунед, ки ин ҳама муваққатист, фардо шояд шуморо ҳам ба шумосуратони дигар иваз кунанд, вале мардуми шарифи Тоҷикистон на ба ҳамоишу на ба намоиши шумо эътиное нахоҳад кард. Зеро маълум нест аз он  гирдобе, ки имрӯз эҷод мекунед, берун меоед ё хайр? Фаромӯш накунед, солҳои 90 низ шумо баринҳо чунин ҳангомаю ғавғоҳо ороставу худ ва ҳазорон пайвандони худро ба гирдоби маргу ғурбат, нодорию маъюбӣ ва ба вартаи ноумедӣ гирифтор карда, то ҳол «шаҳд»-и онро мечашанд.

Аслан, вокуниш ба чунин ашхос-ватанфурӯшу бемодар (бемодар ба он хотир, ки барои бароварди шахсии худ модари худро партофта рафтан) зарурате ҳам надорад, ин танҳо ба хотири огоҳ ва воқиф сохтани дигарон аст, ки ба доми чунинҳо наафтанд. Рафтор, кирдор ва пиндори инҳо гувоҳӣ медиҳад, ки инҳо қудрати ҷӯе ҳам надоранд, шӯриши дарё аз куҷо?

Сиёвуши Қутбиддин — унвонҷӯ

Сентябрь 24, 2016 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд