10 адад мошини пахтачинии тамғаи «Ҷон-Дир СР-90» ба Тоҷикистон ворид карда шуд

Октябрь 29, 2016 08:19

Душанбе, 29.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагии деҳқонии ба номи Эргаш Султони ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, намояндагони мақомоти иҷроия ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия семинари омӯзишӣ оид ба техникаи кишоварзӣ баргузор гардид.

Дар семинар иштирокчиён оид ба фаъолияти мошинаи пахтачинии 4- қатораи тамғаи ХНП-2,4 истеҳсоли Ҷумҳурии Беларус, ки аз ҷониби КВД «Мадад» ба ҷумҳурӣ ворид карда шудаанд, суҳбат намуданд.

Мошинаи пахтачинии ХНП-2,4 аввалин техникае мебошад, ки бо дархости хоҷагиҳои деҳқонӣ сохта, ба хоҷагии ба номи Эргаш Султони ноҳияи Дӯстӣ ворид карда шуд. Он аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии «Стансияи давлатии озмоишҳои мошинҳои Тоҷикистон» мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

Соли равон аз ҷониби ҶСП «Ҷунтай-Хатлон-Сен Селю» 10 адад мошинаи  пахтачинии тамғаи «Ҷон-Дир СР-90» истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, мавриди истифода қарор доранд.

Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

 

 

Октябрь 29, 2016 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд