21 нафар маъюб ва нафақахӯри имтиёздори ноҳияи Файзобод дар осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ истироҳат карданд

Октябрь 21, 2016 09:33

Файзобод, 21.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи   ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод барои дастгирии маъюбон, ятимон ва ниёзмандон соли равон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод 21 нафар маъюб ва нафақахӯри имтиёздори ноҳияро ба осоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ равон карданд. Ба 3 нафар аробачаи маъюбӣ, ба 8 нафар асобағал ва ба 2 нафар асбоби ҳаракаткунанда кумак карданд. Ташкилоту муассисаҳои ноҳия вазифадор шудаанд, ки дар ҷашну маросимҳо ба 170 нафар маъюбону ятимони кулл кумак расонанд. Соли равон ба маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон, ҷанговарони байналмилалӣ, шахсоне, ки дар ақибгоҳ  фаъолият намудаанд, оилаҳои ду ва зиёда маъюбдошта, ятимони кулл, маъюбони садамаи Чернобил ва оилаҳои камбизоат  аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 58 ҳазору 500 сомонӣ ва  аз тарафи ташкилоту муассисаҳо  ва саховатмандони диёр 159 ҳазору 021   сомонӣ  кумак расонида шудааст.

Октябрь 21, 2016 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»