А. Қаҳҳоров бо Н.Патрушев масоили мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ ва муҳоҷирати ғайриқонуниро баррасӣ карданд

Октябр 4, 2016 15:15
dsc_8674

Душанбе, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттиллоъ додем, имрӯз дар Душанбе ҷаласаи машваратии коршиносони Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои амнияти Федератсияи Русия баргузор гардид. Зимни ҷаласаи машваратӣ масоили вобаста ба вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, таъсир ва пайомадҳои он ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба Федератсияи Русия, мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, танзим ва дастгирӣ кардани муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар ҳудуди Федератсияи Русия фаъолият доранд, мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода шуданд.
Дар доираи ҷаласаи машваратӣ мулоқоти хосаи котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев баргузор гардид. Пас аз мулоқоти мазкур аз ҷониби котибони Шӯрои амнияти ҳар ду кишвар А. Қаҳҳоров ва Н. Патрушев Нақшаи ҳамкорӣ миёни Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои амнияти Федератсияи Русия барои солҳои 2017-2018 ба имзо расид.
Н. Патрушев аз А. Қаҳҳоров даъват кард, ки дар мулоқоти 4-уми котибони Шӯрои амнияти кишварҳои ИДМ, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Маскав баргузор мегардад, иштирок кунад. Иттилоъ дода шуд, ки ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро низ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба омодагиҳо ба мулоқоти якҷояи вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа ва котибони Шӯрои амнияти кишварҳои СААД (Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ), ки пас аз чанд рӯз дар пойтахти Арманистон баргузор мешавад, изҳори назар карданд.
Хотиррасон мекунем, ки дар ҷаласаи машваратии коршиносони Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои амнияти Федератсияи Русия ҳамчунин намояндагон аз вазорати корҳои дохилӣ, вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати мудофиа ва дастгоҳи Президенти Федератсияи Русия иштирок доранд.

Октябр 4, 2016 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми телевизиони ба муносибати фарорасии мохи РамазонПаёми Пешвои миллат ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
34741077182_7891fd15a7_zМаҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Дарвоз Маркази нави хизматрасонии муштариён (1)_1Мусодираи 20 баста маводи нашъадори навъи ҳашиш дар ноҳияи Панҷ
????????????????????????????????????Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён
Рузи чавонон 2017Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади идона ба ифтихори Рӯзи ҷавонон
Эмомали Рахмон и Тереза МэйБарқияи тасаллияти Пешвои миллат ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тереза Мей
Касри миллатПаёми телевизионии Пешвои миллат ба ифтихори Рӯзи ҷавонон
нашъаНеруҳои амниятии кишвар кӯшиши қочоқбаронро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон барбод доданд
33962845334_5c9b52367b_zМулоқотҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор кишварҳои иштирокчии нахустин Саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
34419814870_6e867cf3af_zМулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Лубнон Саад Ҳарирӣ
34765600286_72cf9ff1d3_zМулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина Вазед
33995922413_cc356bf314_zИштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико