«Амнияти зеҳнӣ ва Истиқлолияти давлатӣ»- рисолаи нав

Октябрь 1, 2016 12:22

Душанбе, 03.10.2016/АМИТ Ховар»/. «Амнияти зеҳнӣ ва Истиқлолияти давлатӣ»- таҳти чунин унвон нашриёти «Ирфон» рисолаи Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз чоп баровард.
Рисолаи мазкур ба таҳқиқи масъалаи амнияти зеҳнӣ ва нақши он дар таъмини истиқлолияти миллӣ ва рушди кишварҳо дар ҷаҳони муосир бахшида шудаааст. Китоб аз ду боб: «Фирори мағзҳо» чун зуҳуроти глобалӣ ва «Муҳоҷирати зеҳнҳо» ва амнияти миллӣ: боҳамалоқамандии онҳо» иборат буда, хонандагон имкон доранд аз ин рисола вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати «зеҳнҳо»: таърих ва тамоюл, сабаб ва оқибатҳои «фирори мағзҳо», танзим ва пешгирии ин раванд, амнияти зеҳнӣ дар даврони истиқлолият: мушкилот ва дурнамо, ҷойгоҳи илм дар таъмини амнияти миллӣ огоҳӣ пайдо кунанд. Рисола барои ҷомеашиносон, хизматчиёни давлатӣ ва хонандагоне, ки ба масъалаи амнияти зеҳнӣ таваҷҷуҳ доранд, тавсия дода мешавад.

Октябрь 1, 2016 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид