Ба донишҷӯёни ДДТТ тарзи дурусти баҳодиҳии таблиғоти маводи доруворӣ фаҳмонида шуд

Октябрь 27, 2016 10:24

Душанбе, 27.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Дору ва таблиғот»- таҳти ин мавзӯъ дар Маркази иттилоотӣ оид ба маводи доруворӣ (МИМД) барои донишҷӯёни бахши 2-и факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино машварати омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бино ба маълумоти манбаъ, дар машварат оид ба мавзӯъҳои «Тарзи дурусти баҳодиҳии таблиғоти маводи доруворӣ» ва «Дар бораи таблиғоти маводи доруворӣ» иттилои муфассал дода шуд.
Бояд гуфт, ки донишҷӯёни донишгоҳ оид ба маводи доруворӣ танҳо дар бахши 3-юм дарс мехонанд. Аз ин рӯ мақсади ташкилкунандагони семинар шиносо намудани донишҷӯёни бахши 2 бо ин мавзӯъ буд.
-Мутахассисони марказ баҳри баланд бардоштани дониш аз усули интерактивӣ истифода мебаранд, ки барои донишҷӯён он хеле ҳам писанд аст,-хабар дод манбаъ.

Октябрь 27, 2016 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд