«Барқи Тоҷик»: Нархи барқ дар Тоҷикистон қимат мешавад, вале баъди ин низ нисбат ба дигар кишварҳои ИДМ арзонтарин боқӣ мемонад

Октябрь 26, 2016 13:35

Душанбе, 26.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 ноябри соли 2016 нархи барқ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 16,5 фоиз қимат мегардад. Нархи ҳар киловатт-соат неруи барқ барои аҳолӣ то ин дам 12,60 дирам буда, аз моҳи ноябр он 14, 65 дирамро ташкил медиҳад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» иттилоъ доданд.
Ин тадбир барои коршоям нигоҳ доштани низоми энергетикии Тоҷикистон ва вобаста ба талаботи рӯзафзун, бо неруи барқ ва гармӣ таъмин намудани хоҷагии халқ ва аҳолии кишвар андешида шудааст. Танҳо дар мавриди муҳайё намудани имкониятҳои такрористеҳсолкунии қувваи барқ, ба истифода додани иқтидорҳои нави барқтавлидкунанда ва такмили иқтидорҳои мавҷуда ба таъминоти пурраи эҳтиёҷоти соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии кишвар бо қувваи барқ ноил шудан мумкин аст.
Бино ба иттилои ширкат, баробари дигар хароҷот, ширкат барои таъмиру таҷдиди иқтидорҳои истеҳсол ва интиқоли барқ, ҳатто барои об ҳам пул сарф мекунад, Дар асоси муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол Ширкати «Барқи Тоҷик» аз ҳисоби истифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ дар НБО-ҳо то 35 млн.сомонӣ аз тариқи роялтӣ андозбандӣ карда мешавад. Илова бар ин, ташхиси ҳолати техникии иншооти барқии ҷумҳурӣ, ки аз тарафи ширкати олмонии «Fichtner» (Фихнер) дар соли 2011 гузаронида шудааст, андешидани тадбирҳои ҳатмӣ ва фавриро бобати таҷдид ва аз нав барқарор намудани неругоҳҳои «Норак», «Қайроққум», силанеругоҳҳои «Вахш» ва «Варзоб», инчунин як қатор хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои баландшиддат зарур мешуморад. Аз рӯи нақша танҳо барои таҷдиди неругоҳҳо дар солҳои 2012-2020 ҷалби 1,87 миллиард доллари ИМА зарур шуморида мешавад. Ҳаҷми маблағгузории лоиҳаҳои таҷдид дар асоси меъёрҳои техникии байналмилалии муҳлатҳои кафолатии истифодабарии таҷҳизоти асосии неругоҳҳо тарҳрезӣ гардидаанд. Барои неругоҳҳои барқи обӣ ин муҳлати кафолатии истифодаи бехатари таҷҳизоти асосӣ 40 сол муайян карда шудааст.
Дар ҳолати наандешидани тадбирҳои фаврӣ оид ба таҷдид ва аз нав барқарор намудани онҳо таъмин намудани бехатарии энергетикии ҷумҳурӣ дар солҳои наздик зери хавф мемонад. Паст будани тарифи неруи барқ, ки хароҷотро намепӯшонад, ҷалб намудани сармояи хориҷиро бобати татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар иншооти муҳими энергетикӣ номумкин мегардонад.
Барои баланд бардоштани эътимоднокии барқтаъминкунии муштариён Ширкати «Барқи Тоҷик» дар неругоҳҳо, шабакаҳои барқӣ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, трансформаторҳои қудратӣ ва ғайра корҳои зиёди таъмири ҷорӣ ва пураро анҷом медиҳад, ки барои он маблағҳои калон лозиманд. Инчунин барои хароҷоти умумии истеҳсолии Ширкат бо назардошти хариди сӯзишворӣ (мазут ва гази табиӣ) барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, хариди энергияи барқ аз НБО-ҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, хариди қисмҳои эҳтиётӣ, пардохти музди меҳнати кормандон, пардохти андозҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ, хароҷоти дорои хусусияти истеҳсолӣ, ки аз тарафи корхонаҳои пудратӣ иҷро карда мешаванд, масолеҳи ёрирасон ва дигар хароҷоти истеҳсолӣ ҳар сол маблағ сарф мешавад ва ин хароҷот сол то сол зиёд мегардад.
Бино ба иттилои ширкат, ШСХК «Барқи Тоҷик» энергияи барқро аз ҶСК НБО-и «Сангтӯда-1» бо тарифи 20,1 дирам ва аз ҶСК НБО-и «Сангтӯда-2» бо тарифи 25,6 дирам барои 1 кВт.соат аз шинаҳо харидорӣ намуда, бо назардошти хароҷоти технологӣ барқи фоиданокро ба истифодабарандагон бо тарифи миёнаи солона 11,95 (бо назардошти ААИ) ба фурӯш мебаровард. Нишонаи сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки барқ аз ширкатҳои хориҷӣ бо нархҳои стандартҳои байналмилалӣ харидорӣ шуда, ба аҳолӣ ба нархи арзон фурӯхта мешавад.
Умуман, тарифи неруи барқе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол ва ба истифодабарандагон интиқол дода мешавад, нисбат ба тарифи неруи барқи дигар давлатҳои ИДМ хеле арзон мебошад. Барои мисол, тибқи маълумоти расмии Кумитаи иҷроияи Шӯрои электроэнергетикии ИДМ, дар соли 2015 тарифи миёнаи 1 кВт.соат неруи барқ дар Ӯзбекистон 3,9 сент, дар Русия 4,59 сент, дар Озарбойҷон 3,3 сент, Арманистон 8,38 сент, Беларус 10,93 сент, Молдова 8,91 сент ва Украина 6,52 сентро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон тарифи миёнаи 1 кВт.соат неруи барқ 1,51 сентро ташкил медод.
Ҳоло баъд аз ворид намудани тағйирот дар тарифҳои барқу гармӣ нархи 1 кВт.соат энергияи барқ барои аҳолӣ 1,86 сентро ташкил медиҳад.
Айни замон Хадамоти зиддинҳинсории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо ШСХК «Барқи Тоҷик» дар асоси Қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нархномаи нави тарифҳои барқу гармиро таҳия намуда истодаанд, ки ба муштариён пешниҳод мешавад.

Октябрь 26, 2016 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад