Бобоҷон Ғафуров: «Дар сафи пеши тамаддуни умумибашарӣ ҷой гирифтани тоҷикон ҳукми таърих аст» — шарҳи матбуот

Октябрь 13, 2016 11:39

Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (11.10.2016, №202) оид ба ҷой гирифтани кӯҳҳои Помир дар феҳристи «Сад макони беҳтарини сайёҳӣ», мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода бо директори Департаменти хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Люк Девин, ҷаласаи ҷамъбастии РВКД дар шаҳри Душанбе ва дигар воқеоти сиёсии кишварҳои хориҷӣ зери рубрикаи «Ҷаҳон дар як сатр» хабарҳо нашр карда, мусоҳибаи хабарнигори нашрияро бо муовини директори Институти иқтисод ва демографияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аброр Мирсаидов таҳти сарлавҳаи «Муҳаррики иқтисодиёт» пешкаши хонандагон намудааст.

Дар шумораи мазкури «Ҷумҳурият» мақолаи Муҳаммадӣ Сафолзода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарлавҳаи «Таассуф, ё нигаронӣ аз амали Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо» ба нашр расидааст. Муаллифи мақола навиштааст: «Оё террористоне, ки талоши гирифтани қудрати сиёсӣ ва кӯшиши кудаторо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанд, бо гулҳо ва шиорҳои мусолиматомез худро дар саҳна ҷилва медоданд? Маҳз ҳамин ҳидоятгарон ва ташкилкунандагони ошӯб буданд, ки мехостанд баъди 24 соли Истиқлолияти давлатии кишвар дубора онро ба хоку хун бикашанд. Аммо фаромӯш кардаанд, имрӯз мардуми бошарафи дар рӯзҳои сахти мамлакат обутобёфтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар шудаанд. Ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба онҳо дарси хуби ҳушёрӣ ва бедории сиёсиро омӯхтааст, ки дигар фирефтаи бозиҳои хурду бузург нашаванд».

«Ин ҳақиқат, ки мо дар сафи пеши тамаддуни умумибашарӣ ҷой гирифтаем, хоҳиши худнамоии мо нест, ҳақиқате нест, ки мо онро ҳатман исбот карданӣ бошем. Ин ҳукми таърих аст. Таърихи инсоният ҳамин гуна ҷараён гирифтааст, ки мо дар сафи пеши тамаддуни ҷаҳонӣ қарор гирифтем» — бо ҳамин суханони Қаҳрамони халқи Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (12.10.2016,№203) аз чоп баромадааст. Дар идомаи мавзӯи мазкур мақолаи Бузургмеҳри Баҳодур бо сарлавҳаи «Тоҷик – миллати муаззам» нашр шудааст, ки аз ҷониби хонандагони нашрия хуш пазируфта хоҳад шуд. Мақолаи таҳлилии «Террор – таҳдид ба тамаддуни башарӣ» аз фаъолияти даҳшатбори гурӯҳу ҳаракатҳои муайяни манфиатдор, ки дар тӯли таърихи инсоният (аз давраҳои қадим то замони муосир) барои расидан ба ғаразҳои нопоки гурӯҳии худ садҳо куштору қатли ҳазорон одамони бегуноҳро роҳандозӣ кардаанд, нақл мекунад.

«Садои мардум» — нашрияи парлумонӣ дар шумораи навбатӣ (11.10.2016,№128) оид ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 октябри соли равон таҳти раёсати Ш.Зуҳуров баргузор шуда буд, хабари муфассал пешкаши хонандагон намудааст.

Дар ҳамин шумораи нашрияи «Садои мардум» мактуби сокини деҳоти «Зайнабобод»-и ноҳияи Рӯдакӣ С.Партапов чоп шудааст, ки муаллифи он ба мақомоти дахлдори ноҳияи Рӯдакӣ бо саволи «Чаро ба ман ҳуқуқи шаҳрвандӣ намедиҳанд?» муроҷиат кардааст.

Вобаста ба Рӯзи умумиҷаҳонии почта, ки ҳар сол 9-уми октябр ҷашн гирифта мешавад, мусоҳибаи хабарнигори нашрия бо директори генералии КВД «Почтаи тоҷик» Саидалӣ Мирзоев чоп шудааст. Мувофиқи иттилои С.Мирзоев «Ҳар ҳафта кормандони «Почтаи тоҷик» 177 449 адад рӯзномаю маҷаллаҳоро ба суроғаҳои муайяншуда мерасонанд. Дар нуҳ моҳи соли равон ин рақам 11 миллиону 596 ҳазору 908 нусхаро ташкил дод».

Нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Омӯзгор» мақолаҳои «Эссе чист ва он чӣ тавр навишта мешавад?», «Омӯзгори ҷавонро дастгирӣ мебояд», «Викторина ва тарзи гузаронидани он», «Ифодагари шарафмандии миллат» ва дигар хабару гузоришҳоро аз фаъолияти соҳаи маорифи мамлакат пешкаши хонандагон кардааст.

Нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» аз сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод ва Восеъ бо сарлавҳаи «Сафаре, ки паёмадаш ободист» натиҷагирӣ карда, мақолаи хулосавӣ нашр кардааст. Мақолаи «Насли ситамгару бераҳмро тарбия накунем» дар мавзӯи муҳими рӯз, таълиму тарбияи шоистаи насли наврас навишта шудааст. Мақолаҳои «Хиёнат ба Ватан – хиёнат ба модар аст» ва «Бузургон» оё ҳақиқатан сокитанд?» аз фаъолияти тахрибкоронаи душманони миллат, ки бо супориши хоҷагони хориҷии худ мехоҳанд бар зидди арзиши олии миллӣ – соҳибистиқлолии Ватан баромад кунанд, нақл мекунад. Муаллифи мақола Мизроби Музаффар навиштааст: «Агар сокитҳо ҳақиқатан гуноҳи худро дарк карданд, чаро аз пайроҳаи хиёнат худро канор кашидаву ба Ватан барнамегарданд. Ҷое, ки касе ба онҳо кор нахоҳад гирифт. Вале агар мемонанд, бигузор бидонанд, ки ҳамдиёрони асолатбохта ва мазҳабфурӯше, чун Истаравшанӣ ва хоҷагони ӯ онҳоро боз ҷониби чоҳе мебаранд, ки аллакай ду бор бурда бурданд».

Мақолаҳои «Қиссаи артиши гумшуда» ва «Роҳ ба сӯи Қарамиқ», ки дар шумораи мазкури «Минбари халқ» чоп шудаанд, ҷолиб буда, аз тарафи хонандагон хуш пазируфта хоҳанд шуд.

 

Октябрь 13, 2016 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат