Бонуи ҳунарманди хуҷандӣ ғолиби Фестивали вилоятии атласу адраси «Суғд – 2016» гардид

Октябрь 31, 2016 16:05

atlasДушанбе, 31.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. 29-уми октябр дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд Фестивали вилоятии атласу адраси «Суғд – 2016» баргузор гардид.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Фестивали мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ ва рушди меҳнати хонагӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии атласу адраси «Суғд–2016»-ро  Каромат Ашӯрматова, бонуи ҳунарманд аз шаҳри Хуҷанд соҳиб гардида, бо Диплом ва 5 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуд.

 

 

Октябрь 31, 2016 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд