Дар Арманистон мавзӯъҳои марбут ба таҳкими конститутсионализм бо назардошти таҷрибаи кишварҳои мухталиф матраҳ гардиданд

Октябрь 27, 2016 16:51

Душанбе, 27.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Нақш ва аҳамияти қарорҳои Суди конститутсионӣ дар бартараф кардани норасоии қонунгузорӣ ва номуайянии ҳуқуқӣ (таҷрибаи давлатҳои мухталиф)»-таҳти чунин унвон конфронси байналмилалӣ рӯзҳои 20-23 октябри соли 2016 дар Ҷумҳурии Арманистон доир гардид, ки дар он Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода ва судяи Суди конститутсионӣ Даврон Ҳошимзода намояндагӣ намуданд.
Дар конфронс мавзӯъҳои марбут ба мониторинги конститутсионӣ ҳамчун кафолати бартараф кардани холигии конститутсионализм, принсипи волоияти қонун ва татбиқи амалии он, кафолатҳои конститутсионии мустақилияти низоми судӣ, кафолати конститутсионӣ ва иҷрои қарорҳои Суди конститутсионӣ, нақш ва аҳамияти қарорҳои Суди конститутсионӣ дар бартараф кардани норасоии қонунгузорӣ ва номуайянии ҳуқуқӣ ва дигар мавзӯъҳои марбут ба таҳкими конститутсионализм бо назардошти таҷрибаи кишварҳои мухталиф матраҳ гардиданд.
Махмудов МРаиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода дар ин ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Нақш ва аҳамияти қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бартараф кардани норасоии қонунгузорӣ ва номуайянии ҳуқуқӣ» маърӯза намуда, ба иштирокдорон оид ба фаъолияти густурдаи Суди конститутсионии кишвар дар самти бартараф намудани норасоии қонунгузорӣ ва воситаҳои таъмини иҷрои қарорҳои Суди конститутсионӣ маълумот пешниҳод намуд.
Дар кори ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ, ки бо ташаббуси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон ва Комиссияи венетсиании Шӯрои Аврупо доир гардид, намояндагони мақомоти назорати конститутсионии беш аз сӣ кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои Аврупо, Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Арманистон иштирок намуданд.
Раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода дар доираи сафари корӣ бо раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон- Раиси Конфронси мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои демократияи нав ва намояндагони судҳои конститутсионии Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Олмон, Босния ва Гертсоговина, Латвия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон мулоқот намуда, масоили марбут ба таҳкими ҳамкории судманди тарафайнро баррасӣ карданд.

Октябрь 27, 2016 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд