Дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» Фонд, Орден ва Ҷоизаи Пешвои миллат таъсис дода мешавад

Октябр 26, 2016 14:37
parlament-0

Душанбе, 26.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар асоси лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат», ки имрӯз аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул шуд, мақоми Асосгузори Тоҷикистони мустақил дода мешавад.
Эмомалӣ Насриддинзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни конститутсионӣ дар назди вакилони Парлумон гуфт, ки дар асоси лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, минбаъд дар толори ҷаласаҳо барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷои махсуси ифтихорӣ ҷудо карда шуда, бо таҷҳизот таъмин мегардад. Инчунин Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ташкил ва ба роҳ монда шуда, Орден ва Ҷоизаи давлатии Пешвои миллат таъсис дода мешавад.
Таҳия ва қабули лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» ба ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, боло бурдани рӯҳияи патриотизм, садоқат ба мардум ва давлатмеҳварӣ нақши муассир мегузорад. Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» аз пешгуфтор ва 19 модда иборат буда, аз ҷониби чор нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Бо қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат», ки моҳи декабри соли 2015 аз ҷониби вакилони Парлумони Тоҷикистон қабул гардида буд, аз эътибор соқит дониста мешавад.

Октябр 26, 2016 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Шиносоӣ бо рафти корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳо дар кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудови шаҳри ДушанбеШиносоии Президенти кишвар бо ҷараёни корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳо дар кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудови шаҳри Душанбе
Шиносои аз кучаи Муродулло ШералиШиносоии Пешвои миллат бо ҷараёни таъмири роҳҳои асосии кӯчаи Муродулло Шерализодаи шаҳри Душанбе
Гузоштани санги асоси ДДТТГузоштани санги асоси бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” дар шаҳри ДушанбеИфтитоҳи Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” дар шаҳри Душанбе
Мактаби Точикистону БритониёОғози бунёди Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё
Мактаби 31 ш ДушанбеОғози сохтмони Мактаби №31-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Санги асоси бинои Суди ОлиГузоштани санги асоси бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
34299399055_2028ac6f19_zМаҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
СулаймонБа қонуни мубориза бо коррупсия илова ворид карда шуд
Шерали МирзоСинни ба нафақа баромадани генералҳои Вазорати мудофиа се сол боло бурда шуд
парламентБоздиди Гопи Шах аз Парлумони Тоҷикистон
33415319894_37ab8bc5d0_zМулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Штатҳои Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотел