Дар ҳошияи Рӯзи омӯзгор: Муаллим сарвару саркори инсон…

Октябрь 1, 2016 10:18

Рисолати касбии устод ва муаллим ҳангоми таълиму тарбия ҳамчун фарзанди хеш ҳисобидану ҷиддан кор кардан бо толибилм ва нисбат ба ояндаи неки ӯ  дилсӯзу ғамхор будан аст. Ва шогирдон ҳам дар навбати худ бояд ба қадри заҳмату машаққати устодон расанд ва ба заҳмати устод арҷ гузоранд.

Эмомалӣ Раҳмон

 

 

ruzi-omuzgor-tochikiДушанбе, 01.10.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола якшанбеи аввали  моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи касбии омӯзгорон  ҷашн гирифта мешавад.  Муаллим, омӯзгор — вожаҳое, ки барои ҳар нафар ошною муқаддасанд. Зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ислоҳоти бомароми маориф, беҳтар кардани сифати таълим, баланд бардоштани масъулияти устод-муаллим-омӯзгор доимо таваҷҷуҳи амиқ зоҳир менамоянд, зеро калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Самаранок  ба роҳ мондани кори таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд. Дар арафаи ин ҷашни бузург хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муаллимаи собиқадори синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти умумии рақами 54 –и пойтахт Сабоҳат Очилдиева  суҳбат анҷом дод, ки манзури хонандагон менамоем.

«Ховар»: Муаллимаи азиз, пеш аз ҳама, Шуморо бо иди касбиатон табрик менамоем. Тавре ки медонем, ҳамасола якшанбеи якуми моҳи октябр Рӯзи омӯзгор ҷашн гирифта мешавад. Шумо ин идро ҳар сол чӣ тавр ҷашн мегиред ?

С. Очилдиева: Ҳар сол дар ин рӯз талабаҳои синфҳои болоӣ уҳдадориҳои моро ба зиммаи худ гирифта, омӯзгор мешаванд. Омӯзгорон дар ин рӯз чун талаба дар паси мизи талабагӣ нишаста, назорат мекунанд ва кӯшиш мекунанд ба суолҳои «муаллим» посух диҳанд. Ин иқдоми бисёр хуб аст, зеро дар ин рӯз хонандагон заҳмату машаққати омӯзгорро дарк карда, ба қадри онҳо мерасанд.

«Ховар»: Аз таҷлили Рӯзи омӯзгор ягон лаҳзаи хотирмон доред?

С. Очилдиева: Албатта, ҳамаи ҷашнҳо барои ман хотирмонанд. Алалхусус ҷашнҳои касбӣ. Шунидани суруду шеърҳои хонандагонро хеле дӯст медорам. Соатҳои тарбиявие, ки дар ин рӯз мегузаронем, саршор аз муҳаббат нисбат ба омӯзгор мебошанд ва ин лаҳзаҳо барои ман доимо  хотирмонанд. Инчунин ҳар сол дар ин рӯз шавҳари меҳрубонам ба хона бо гулдаста меояду фарзандонам бароям дастархони идона оро медиҳанд. Ба фикрам барои зан –омӯзгор аз ин  беҳтар рӯз нест.

«Ховар»: Шурӯъ аз соли нави таҳсил  барои синфҳои ибтидоӣ барномаи нав-  барномаи намунавӣ ҷорӣ шуд. Имрӯз ин барнома дар синфи Шумо чӣ  гуна ба роҳ монда шудааст ва дар зарфи ин як моҳ ягон натиҷа ба даст омадааст?

С. Очилдиева:  Ин барнома хеле барномаи мувофиқ мебошад. Тариқи ин барнома омӯзгор танҳо як раҳнамо барои кӯдак буда, дар ҷараёни дарс хонандагон фаъол мебошанд. Ман дар дарсҳои худ кӯшиш мекунам бештар машғулиятҳоро ба тариқи бозӣ гузаронам. Имсол ман боз таълими хонандагони синфи якумро ба уҳда дорам ва тавре ки шумо медонед, кӯдакони  аз боғча омада 45 дақиқа дар як ҷой нишаста наметавонанд. Барои ҳамин ман кӯшиш мекунам онҳо дар синф озод бошанд, вале ба якдигар халал нарасонанд.  Фикр мекунам барномаи намунавӣ дар оянда  барои донишандӯзии кӯдакон самараи хуб хоҳад дод, вале барои натиҷагирии ин барнома ҳоло вақт лозим аст. Вазорати маориф ва илми кишвар барои беҳтар гаштани сифати чунин таълим барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ курсҳои махсус гузаронида, моро бо дастуру барномаҳои зарурӣ таъмин намуд.

«Ховар»: Тавре мегӯянд:

 Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

 Шумо барои тарбияи дурусти кӯдакон   кадом усулҳоро истифода мебаред?

С. Очилдиева:  Барои тарбияи кӯдакон ба андешаи ман, пеш аз ҳама, муҳаббати самимӣ лозим аст. Ман ҳар як талабаи худро ҳамчун фарзандам дӯст медорам. Доимо кӯшиш  мекунам аз ҳамаи мушкилоту дастовардҳои хонандагонам бохабар бошам. Маҳз ҳамин усул ба ман имкон медиҳад, то талабаҳоям  ба ман бовар кунанд ва  ба тамоми суханҳои ман гӯш диҳанд.

«Ховар»: Ба андешаи шумо дар таълиму тарбияи насли наврас нақши кӣ таъсирноктар аст-падару модар ё омӯзгор?

С. Очилдиева: Албатта, дар навбати аввал падару модар дар таълиму тарбияи фарзанди босаводу соҳибмаърифат  бояд масъулиятшиносу манфиатдор бошанд. Тарбия аз оила сар мешавад. Устод агар дар як рӯз 4-5 соат бо кӯдак кор кунад, боқимонда соатҳо кӯдак дар хона, дар тарбияи оила мебошад. Падару модар чӣ гунае, ки кӯдакро аз рӯзи аввал тарбия кунанд, ӯ ҳамон хел дар мактаб низ тарбия меёбад. Албатта, омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки якҷо бо падару модарон ба сифати таълиму тарбия диққати бештар диҳанд ва ҳамаи донишу таҷрибаи худро ба он равона созанд, ки шогирдони онҳо ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеа, донишманду соҳибмаърифат ва босаводу тарбиядида ба камол расанд. Устодону  омӯзгорон маҳорату малакаи касбии худро такмил дода, бо истифода аз усулҳои нави таълим рисолати аслии хеш, яъне таълиму тарбияи насли ҷавонро пурсамар, босифат ва ба таври шоиста иҷро хоҳанд кард.

«Ховар»: Таманнои Шумо ба ҳамкасбонатон дар ин рӯзи фархунда.

С. Очилдиева: Ба тамоми омӯзгорон саломатию бурдборӣ хоҳонам. Таманно менамоям,  ки  танашон доимо сиҳату саломат ва табъашон болида бошад.

«Ховар»: Ташаккур барои суҳбат.

 

Р.S. Ҳарчанд ки сол аз сол вазъи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кадрҳои соҳибихтисос беҳтар мегардад, вале то ҳол мушкилоти бартараф кардани норасоии омўзгорон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳалли худро наёфтааст.

Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми кишвар  дар соли таҳсили 2016-2017 муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба 3626 нафар омўзгор эҳтиёҷ доранд.

Дар робита ба масъалаи мазкур, тибқи фармоиши вазири маориф ва илм барои соли таҳсили 2016-2017 3 ҳазору 925 нафар мутахассисони ҷавон-хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии равияҳои омўзгорӣ дар асоси роҳхати Вазорати маориф ва илм бо назардошти ихтисос ва дархости раёсату шуъбаҳои маориф ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фиристода шуданд, ки нисбат ба соли таҳсили 2015-2016 — 232 нафар кам мебошад.

 

Лайло Қосимова

 

 

Октябрь 1, 2016 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад