Дар шаҳри Ваҳдат озмуни «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» баргузор гардид

Октябрь 28, 2016 11:30

Ваҳдат, 28.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат бо иштироки аҳли адаб, нависандагону шоирон озмуни шаҳрии «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, ки аъзои китобхонаҳои шаҳр мебошанд, иштирок намуда, дар асоси шарти озмун асарҳои хондаи худро ба ҳайати ҳакамон муаррифӣ намуданд. Ғолибони озмун бо мукофот ва ифтихономаҳои шуъбаи фарҳанги шаҳр кадрдонӣ шуданд. Мақсади озмун аз тарғибу ташвиқи ҷавонон ба китобхонӣ, ғанигардонии ҷаҳони маънавии шаҳрвандон, махсусан насли наврас иборат буд.
Хонандаи синфи 11, гирандаи стипендияи президентӣ ва ёрдамчии (волонтёри) бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Нилуфар Умарова иброз намуд, ки «бо забонҳои тоҷикӣ, фаронсавӣ, англисӣ ва русӣ зиёда аз 180 асар мутолиа намуда, айни замон китобхонаи хусусии худро ташкил намудааст, ки теъдоди китобҳои он ба 500 адад мерасад. Соли дуюм аст, ки иштирокчии фаъоли озмуни «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» буда, сазовори ҷойҳои намунавӣ мегардам».

Октябрь 28, 2016 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»