Дар вилояти Суғд воридоти ғайриқонунии молҳо пешгирӣ карда шуд

Октябрь 31, 2016 14:56, 327 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

karamel

Душанбе, 31.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд  аз ҳавлии шаҳрванд Д. Н., воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маводи зиёди хӯрокворӣ, аз қабили қанди навъи «Карамелкино», «Дюшес», «Бим-Бом»-и истеҳсоли Ҷумҳурии Украина, консерваҳои гӯштии истеҳсоли Қазоқистон, равғани зайтуни истеҳсоли Туркия, нахӯди сабзи навъҳои «Агростар», «Экостар» ва «Экос»-и истеҳсоли  Молдова, консерваҳои навъи «Сайра», ҷуворимаккаи ширини истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин, шпроти навъи «Голд»-и истеҳсоли Латвия, шоколади навъи «Вечер», қиёми шири навъи «Варёнка» ва консерваи гӯшти гӯсфанди истеҳсоли Русия ба миқдори зиёд дарёфт карда шуд.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   хабар доданд

Муайян гардид, ки маҳсулоти мазкур ба шаҳрванд А.А., соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд тааллуқ дошта, ин шаҳрванд молҳои мазкурро ба воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес- бенс Спринтер» аз Ҷумҳурии Қирғизистон тариқи роҳҳои ғайрирасмии ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бидуни назорати гумрукӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.

Тибқи хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд арзиши умумии маҳсулот 207 ҳазору 183 сомонро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд А. А бо моддаи 289-и қисми 1-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз  шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.

 

Октябрь 31, 2016 14:56, 327 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи чавононФаъолияти самарабахши волонтёрон баррасӣ гардид
«Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд ҳамоиш доир карданд
Академияи илмхоСессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳо оғоз ёфт
ВКД: Ба ватан баргаштани шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои аврупоӣ дархости паноҳандагӣ кардаанд, ягон мушкилӣ надорад
31761150026_d18a54638c_zБа сокинони ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат Паёми Пешвои миллатро шарҳ доданд
варзиш хатлон487 медали тиллои варзишгарони Хатлон
2.darvoza-Б.Гаф.Таъмири наздик ба 230 км роҳ дар ноҳияи Б.Ғафуров дар соли 2016
Фарханг (1)Дар ҷумҳурӣ 95 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг амал менамояд
Вазорати маорифБарои кӯдакони ношунаво ва дершунав китоби дарсии «Забони имову ишора» бо забони тоҷикӣ дастрас гардид
ФурудгохФурудгоҳи Душанбе дар як сол ба беш аз 1 миллион мусофир хизмат расонид
Раиси «Тоҷикматлубот»: «Донишҷӯёни ятим пурра аз пардохти ҳаққи таҳсил озод карда шуданд»
Дониш Молия ва Иктисот (4)Сатҳи донишазхудкунӣ дар ДМИТ 9% боло рафтааст