Дар Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ баргузор мегардад

Октябрь 17, 2016 12:00

Душанбе, 17.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 18-19 октябр дар шаҳри Тошканд таҳти раёсати Ӯзбекистон иҷлосияи 43-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ /ШВКХ СҲИ/ доир мегардад. Дар ин бора рӯзи ҷумъа муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Ғайрат Фозилов зимни нишасти хабарӣ бахшида ба ин чорабинӣ иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи ӯ, вазирони корҳои хориҷии 26 кишвари аъзо иштироки худро дар ин ҷаласа расман тасдиқ кардаанд. Дар кори ҷаласа Дабири кулли СҲИ Иёд бин Амин Маданӣ, президенти гурӯҳи Бонки исломии рушд Бандар Ҳажжор, сафирони махсуси кишварҳои назди СҲИ ва инчунин намояндагони як зумра созмонҳои байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.
Дар соли равон ШВКХ СҲИ таҳти шиори «Таъсис ва шукуфоӣ — роҳ ба сӯи сулҳ ва созандагӣ» мегузарад.
СҲИ моҳи сентябри соли 1969 созмон ёфта, имрӯз 57 кишварро ба ҳам овардааст. Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз 1 декабри соли 1992 аъзои ин созмон мебошад.

Октябрь 17, 2016 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид