Даргузашти Сафар Сафаров

Октябрь 21, 2016 13:31

safar-gayurovich-0Душанбе, 21.10.2016./АМИТ «Ховар»/. Яке аз ходимони намоёни ҳизбию давлатии мамлакат, собиқ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров баъди бемории бардавом дар синни  69-солагӣ аз олам даргузашт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» наздикони марҳум хабар доданд, Сафар Сафаров соати 01:00-и шаби гузашта аз ҳаёт чашм пӯшид. Намози ҷанозаи марҳум имрӯз дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе хонда мешавад ва ӯро дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ба хок месупоранд.

Сафаров Сафар Ғаюрович   22-уми майи соли 1947 таваллуд шудааст. Соли 1970 Донишгоҳи политехникии Тошканд ва соли 1983 Мактаби олии ҳизбии ҳамин шаҳрро хатм намуда, номзади илмҳои иқтисодӣ буд.

Сафар Сафаров солҳои 1991-2000-ум вакили Шӯрои Олӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Вай дар тӯли фаъолияти меҳнатии худ дар вазифаҳои раиси Кумитаи парлумони мамлакат оид ба иқтисод ва буҷет, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, муовини якуми Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми Раиси Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон   кор кардааст.

Сафар Сафаров бо ордени «Шараф», медалҳо ва унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон», инчунин бо ордени «Дружба» (Русия)  қадр карда шудааст. Соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Сафар Ғаюрович  дар давоми фаъолияти худ дар ҳамаи мансабҳои давлатӣ бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ҳамкории зич дошт. Кормандони  АМИТ «Ховар» бинобар даргузашти Сафар Сафаров ба наздикон ва пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор менамоянд.

Октябрь 21, 2016 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид