Дастаи мунтахаби Ҷопон — ғолиби бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё-2019 дар Баҳрайн гардид

Октябрь 31, 2016 17:32, 1 601 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

afc-cup-u-19

Душанбе, 31.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Ҷопон, ки дар бозиҳои чорякниҳоии Чемпионати Осиё дастаи мунтахаби Тоҷикистонро мағлуб карда буд, дирӯз чемпиони Осиё дар ин синн гардид.
Дар вохӯрии ниҳоӣ бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ футболбозони Ҷопон дар вақти асосӣ ва иловагӣ натиҷаи 0:0-ро нигоҳ доштанд ва барои муайян кардани ғолиб силсилаи зарбаҳои баъдибозӣ таъйин шуданд.
Дар натиҷа футболбозони ҷопон бо натиҷаи 5:3 зафар ёфтанд ва унвони чемпиони Осиёро ба худ гирифтанд.

Октябрь 31, 2016 17:32, 1 601 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш