Худобердӣ Холиқназар, директори МТС: «Мо ҳанӯз камари ифротгароию тундгароиро нашикастаем»

Октябрь 31, 2016 15:44

                 Душанбе, 31.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «То ҳанӯз мо натавонистаем дар кишвар камари  ифротгароию тундгароиро шиканем»,-   гуфт Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар конфронси илмию  амалии  ҷумҳуриявӣ, ки имрӯз дар мавзӯи «Самтҳои асосии  фаъолияти ҷомеаи  шаҳрвандӣ  дар заминаи пешгирии  тундгароии динӣ» дар Душанбе баргузор гардид. Бо дахли  вазъи  ифротгароӣ ва тундгароӣ  дар Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии он  Худобердӣ Холиқназар  афзуд, ки бо вуҷуди саъю талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти марбутаи кишвар ва гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон,  тамоюли ифротгароӣ дар ҷумҳурӣ на он қадар коҳиш ёфтааст. Вазъи ифротгароӣ дар вилояти  Суғд, хусусан  дар шаҳри Исфара далели  ин гуфтаҳост, зеро  ҳанӯз ҳам дар ин минтақа  раванди шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба чашм мерасад. Танҳо дар соли равон  дар шаҳри Исфара  74 нафар сокинон  бо омили иртибот  доштан бо ифротгароӣ  боздошт шуда, нисбат ба 43 нафар  парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст. Зикр шуд, ки дар вилояти Суғд фаъол будани институти  «бибиотунҳо»  бештар ҷавононро ба худ ҷалб намудааст. Вуҷуд доштани ин тамоюл   ба рушд ёфтани муҳити исломӣ мусоидат намуда, эмиссарони хориҷӣ кӯшиш менамоянд, ки  бештар  занони ҷавонро ҷалб созанд, зеро  занон камтар мавриди таваҷҷуҳ ва тафтиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор мегиранд.  Таъкид шуд, ки  алҳол  1100 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ  дар сафи  Давлати исломии Ироқу Шом /ДИИШ/ дар Сурия ва Ироқ меҷанганд, ки аз ин омор 210 нафар сокинони  вилояти Хатлон ва 394 нафар сокинони вилояти Суғд мебошанд ва қисми бештарашон  тавассути қаламрави Русия ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Инчунин дар зарфи соли равон 50 нафар сокинони вилояти Хатлон бо ҷурми даст доштан дар ифротгароӣ равонаи зиндон шуданд, ки дар байни онҳо як нафар зан ҳам ҳаст. Таъкид гардид, ки яке аз омилҳои асосии ҷилавгирии ҷавонон аз  пайвастшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифрогаро-  баланд бардоштани вазъи иҷтимою иқтисодӣ, хусусан фароҳам овардани  ҷойҳои корӣ,  ба касбомӯзӣ ҷалб намудани ҷавонон, ҷалби духтарони  деҳот ба таҳсил ва пурзӯр намудани  корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ аз ҷониби мақомот ва ниҳодҳои марбутаи кишвар мебошад.

Дар конфронс кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, вазорату идораҳо,  намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон роҷеъ ба паҳлуҳои ҷилавгирии ҷавонон аз ифротгароӣ ва тундгароӣ сухан карда, зикр намуданд, ки бештари ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо,  гурӯҳҳои ифротию тундгаро аз ноогоҳӣ  шомил гардида, аксарияти онҳо аз кирдори худ пушаймонанд.  Иштирокдорони конфронс  роҳҳои пешгирии  ҷавононро аз шомилшавӣ ба ҳаракатҳои ифротгарою тундгаро баён дошта, тақвияти  ҳамкории мақомоти марбутаи кишвар, бахусус таҳкими фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандиро дар ин самт пешниҳод намуданд. Конфронси мазкур бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар ба ифтихори  Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябр таҷлил мегардад,   гузаронида шуд.

 

Октябрь 31, 2016 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд