Конститутсия санади муҳими сиёсиест, ки роҳи расидан ба зиндагии орому шоистаро муайян мекунад

Октябрь 31, 2016 17:30

Хоруғ, 31.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи вилоятии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бахшида ба 22-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти кормандони прокуратураи шаҳри Хоруғ бо собиқадорони ҷангу меҳнат баргузор гардид.
Субҳониддин Муҳаммадзода, ёрдамчии прокурори шаҳр иброз дошт, ки аввалин муваффақияти сиёсӣ дар роҳи бунёди давлатдории тоҷикон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ин тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кардани Конститутсия мебошад.
«Ин санад бори дигар аз соҳибистиқлолии комили давлат ва миллати тоҷик ба ҷаҳониён мужда расонд. Бо қабули санади мазкур таъсиси давлати нави ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд. Конститутсияро бахтномаи миллат низ ном мебаранд ва ҳар шахс вазифадор аст, ки ҳар банди онро риоя кунад, ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне бунёди давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта ва мардумони дорои зиндагии шоиста бирасем»- гуфт Субҳониддин Муҳаммадзода.
Ҳамчунин ёрдамчии прокурори шаҳр илова намуд, ки вазифаи мақомоти прокуратура назорати риояи дақиқи қонун дар қаламрави кишвар мебошад. Агар шаҳрванде қонунро риоя накард, ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашида мешавад. Надонистани қонун ҷавобгариро истино намекунад.
Раиси собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хоруғ Қурбонмамад Шодмонбеков аз салоҳияту ваколатҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки Конститутсия муқаррар намудааст, ёдовар шуда, иброз дошт, ки мутобиқи моддаи 53 Конститутсия «яке аз муовинони Раиси Маҷлиси Миллӣ аз ҳисоби намояндагони ВМКБ мебошад» ва яке аз бобҳои Конститутсия ба омӯзиш, таҳқиқ ва истифодаи озодонаи гурӯҳҳои забонҳои помирӣ бахшида шудааст, зеро ин забонҳо низ мероси гаронбаҳои миллат ба шумор мераванд ва давлат оид ба ҳифзу нигаҳдории ин забонҳо кафолат медиҳад.

Октябрь 31, 2016 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид