Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соҳиби иди касбӣ мегарданд

Октябрь 31, 2016 15:15

Душанбе, 31.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик вакилони Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид менамоянд, ки минбаъд дар асоси  он 10 январ иди касбии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Дар робита ба ин 31 октябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ шуд. Дар ҷаласа зикр шуд, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Бояд зикр кард, ки  бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Дар давоми 9 соли  фаъолияти худ Агентӣ дар самти назорати давлатии молиявӣ, пешгирии коррупсия, аз ҷумла ошкор ва бартарафсозии сабабҳои коррупсия, ошкоркунӣ, рафъ намудан, кушодан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ саҳми назарраси худро гузошта истодааст.

Октябрь 31, 2016 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд