Кумаки техникии ҳукумати Финландия ба хоҷагиҳои деҳқонии ВМКБ

Октябрь 21, 2016 17:01

ts-400Хоруғ, 21.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Финландия ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва Ишкошим чаҳор трактори тамғаи «ТС-400»-ро, ки ҳар кадоме 67 ҳазор доллар қимат доранд, кумак кард. Раҳбари хоҷагии деҳқонии деҳаи Савноби водии Бартанг Ислом Давлатмамадов гуфт, ки «бо ин тракторҳо на танҳо шудгор мекунем, балки метавонем ҳосили картошкаро ғундорем ва дигар амалиётро анҷом диҳем. То ба имрӯз заминҳоро бо барзагов шудгор менамудем ва дар ҷамъоварии ҳосил низ неруи ин ҳайвонотро  истифода мекардем. Соли гузашта сокинони деҳаи Савноб аз зарбаи зилзила осеби зиёд диданд. Баъди муваққатан кӯч бастанашон ба маркази ноҳия бештари ҳайвоноти  худро ба фурӯш гузоштанд. Аз ин рӯ ин кумаки техникӣ хеле саривақтист ва кори деҳқононро сабук месозад».

Ҳукумати Финландия тасмим гирифтааст, ки дар ду соли оянда  сокинони деҳоти дурдасти ноҳияи Мурғобро тавассути чоҳҳои амудӣ аз оби ошомиданӣ таъмин намояд.

Октябрь 21, 2016 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад