Мулоқоти Пешвои миллат бо ваколатдори махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои амниятӣ ва мубориза бо терроризм Чэн Гопин

Октябрь 29, 2016 18:45

Душанбе, 29.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 29 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваколатдори махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои амниятӣ ва мубориза бо терроризм Чэн Гопинро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, маҷмуъи васеи масоили ҳамкорӣ, мавзуъҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла дар бахши амният баррасӣ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба вазъи муносибатҳои шарикию стратегии ду кишвар, ки соли 2017 аз оғози робитаҳои дипломатӣ 25 сол пур мешавад, баҳои арзанда дода, таъкид карданд, ки Тоҷикистону Чинро муносибатҳои анъанавию таърихӣ ба ҳам мепайванданд ва он ба таври матлуб ба манфиати мамлакатҳо давра ба давра рушду густариш меёбад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ техникӣ дар самти ҳифзи сарҳади давлатӣ дар минтақаи Тоҷикистону Афғонистон, пурзур кардани иқтидори мудофиавии кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Масъалаи таъмини амният ва вазъи муътадил дар минтақа барои амалишавии барномаҳои байнидавлатӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки беш аз 200 ададро ташкил медиҳад, ҳамчун омили муҳим маънидод карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои пурзур кардани муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Октябрь 29, 2016 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинии фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии «Микролаб»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи хавозавӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд