Мунира Шаҳидӣ: «Фарҳанги сулҳпарварии тоҷиконро бояд ҳам дар сатҳи маҳаллӣ, ҳам минтақавӣ ва ҳам ҷаҳонӣ муаррифӣ кард»

Октябрь 28, 2016 17:23

Душанбе, 28.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Иртиботи байнифарҳангӣ дар замони ҷаҳонишавӣ»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Осорхонаи фарҳaнги мусиқии З. Шаҳидӣ маҳфил баргузор гардид.
Тавре ки Мунира Шаҳидӣ, олими шарқшинос, раиси Бунёди Байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ иброз дошт, маҳфил ба мавзӯи хеле муҳими иртиботи байнифарҳангӣ бахшида шудааст. «Мо кӯшиш дорем, чунин чорабиниҳоро ҳар сол 3-4 маротиба баргузор намоем, зеро ҷаҳони имрӯза дар вазъи муташанниҷ қарор дорад. Равандҳои гуногун зиёд шуда, ҷавонон ба онҳо ҷалб мешаванд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки фарҳанги сулҳпарварии тоҷиконро ҳам дар сатҳи маҳаллӣ, ҳам минтақавӣ ва ҳам ҷаҳонӣ муаррифӣ кунем. Суҳбати имрӯзаи мо маҳз ба ин мавзӯъ бахшида шуда, мо масъалаи арзишҳои умумиҷаҳонӣ дар фарҳанги ҷаҳонӣ, нақш ва эътирофи фарҳанги миллиамонро дар паҳнои ҷаҳонӣ баррасӣ намудем. Агар мо ин масъаларо нафаҳмему муаррифӣ накунем, вазъи муташанниҷ худ аз худ бартараф намешавад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суҳбатҳояшон таъкид медоранд, ки халқи мо сулҳофару сулҳдӯст аст ва он ҳамеша дар ҳусни тафоҳум бо ҷаҳон буд, ҳаст ва хоҳад монд»,-афзуд М.Шаҳидӣ
Ҳамоҳангсози робита бо ҷомеа ва менеҷер оид ба лоиҳаҳои Маркази фарҳангии «Бохтар» Амалхонум Гаҷиева зикр намуд, ки маркази «Бохтар» чунин барномаҳои фарҳангиро зиёд доир менамояд. «Дар чунин маҳфилҳо намояндагони марказҳои фарҳангии пойтахт иштирок менамоянд. Мо кӯшиш мекунем, ки зимни ин вохӯриҳо мушкилот ва дурнамои соҳаи фарҳангро баррасӣ намоем. Чунин чорабиниҳо барои намояндагони аҳли фарҳанг хеле муфиданд, зеро дар ин ҷо онҳо имкон доранд бо намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ ҳамсуҳбат гардида, барои лоиҳа ва барномаҳои худ маблағ дарёфт намоянд»,-зикр намуд мусоҳиб.
Дар доираи маҳфил масъалаҳои муайян намудани захираи илмӣ-фарҳангии миллӣ ва роҳҳои истифодаи он дар паҳнои ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд.
Дар барнома фарҳангшиносони ватанӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.

Октябрь 28, 2016 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд