Мусодираи 15 кг маводи мухаддири бангдона дар марзи кишвар

Октябрь 24, 2016 16:31

Душанбе, 24.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси маълумоти фаврӣ 22 октябри соли равон кормандони раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Панҷ» дар минтақаи тобеи дидбонгоҳи сарҳадии «Сипар»-и Отряди сарҳадии «Панҷ», убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддирро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карданд.
Ҳангоми гузаронидани амалиёт, қочоқчиёни мусаллаҳи номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо кормандони КДАМ ва сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ шуда, задухӯрди мусаллаҳона мекунанд.
Баъд аз фирори қочоқчиён ба тарафи Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз ҷои ҳодиса 15 кг маводи мухаддири бангдона, як адад яроқи оташфишони АКМ 47, тирдон бо 56 адад тир, воситаи алоқа (ратсия) дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ҳоло аз тарафи кормандони РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нисбат ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Дар ин бора аз маркази матбуотии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 24, 2016 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст