Насим Раҷаб: «Сарвари давлати тоҷикон на танҳо миллати тоҷик, балки халқиятҳои дигари Тоҷикистонро низ бо ҳам муттаҳид кард»

Октябрь 20, 2016 08:36

Душанбе, 20.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Миёни мардуми ӯзбек як зарбулмасали машҳури халқӣ аст: «йғласа қайғуси бир, кӯйласа чолғуси бир» («гиря кунад ғамаш як, хурсандӣ кунад асбоби мусиқиаш ҳам як»), ки дар бораи дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик гуфта шудааст»,-иброз дошт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» нависандаи писандидаи кӯдакону наврасон Насим Раҷаб. Ӯ дар зимн аз суҳбати Устод Садриддин Айнӣ ва нависандаи ӯзбек Абдулло Қодирӣ чунин иқтибос овард:

dsc_0318655«Вақте ки Абдулло Қодирӣ ба манзили Устод Айнӣ ташриф меорад, устод Айнӣ баъди вохӯриву пурсупос ба ӯ мегӯяд: «Ман аз китоби шумо-«Рӯзгори мозӣ» на фақат як олам лаззат бурдам, балки ба бисёр насрнависони ҷавон гуфтам, ки ана ҳамин хел асарҳо навиштан лозим, ки хонанда аз даст нагузошта, мутолиа кунад ва ба бисёр саволҳояш ҷавоб ёбад». Абдулло Қодирӣ дар ҷавоб мегӯяд: «Ман ҳам китобҳои хеле пурқимати шумо- «Одина»-ву «Дохунда»-ро бо тапиши дил хондам. Гӯё шумо онро аз ҳаёти ӯзбекон навишта бошед. Охир, ҳаёти халқҳоямон, урфу одатҳоямон, тӯю маъракаамон яксон аст. Мардум тақдиру урфу одатҳои муштараки моро ба назар гирифта, чун ҳикмати ибратбахш гуфтааст: «йғласа қайғуси бир, кӯйласа чолғуси бир». «Хеле нафису заргарона, аҳсант»!-гуфтааст устод Айнӣ.

Гузаштагонамон ҳамеша ҳамдилу ҳамроз ва муттафиқ будани мардумонамонро васф кардаанд

Дар ин маврид Устод Айнӣ гуфтаанд:

Маънии як байт будем аз тариқи иттиҳод,

Чун ду мисраъ гарчи дар зоҳир ҷудо будем мо…

Ахтари мо саъд буду рӯзгори мо саид,

Аз саодат зери боли як ҳумо будем мо.

То имрӯз мо ин рафтори беназири аҷдодонро бо сарбаландӣ давом дода истодаем. Дар гузашта ҳам адибони ӯзбеку тоҷик бо дӯстии намунавии худ машҳур гашта буданд. Ҳарду забонро забони модарӣ ҳисобида, бо ду забон асар эҷод мекарданд. Дар ашъорашон муносибатҳои неки ду миллатро бо муҳаббат тасвир мекарданд. Агар шумо романи устод Абдулло Қодирӣ «Рӯзгори мозӣ»-ро хонда бошед, аз ҳамон китоб чӣ қадар, ки хоҳед, зарбулмасалу ибораҳои тоҷикиро ёфта метавонед».

Тоҷикистон Ватани дуюми ман аст

dsc_0322Давраи кӯдакиву наврасии ман дар Самарқанд гузашта бошад ҳам, вале ҳамеша аз воқеаву ҳодисаҳои Тоҷикистон бохабар будам. Дар мактабҳои тоҷикии Самарқанд дарсҳо аз рӯи барномаи Тоҷикистон сурат мегирифтанд. Ҳатто баъзе вақт мо аз мактабҳои баъзе минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон китобҳоро барвақттар дастрас мекардем. Дар бораи донишгоҳҳову адибони тоҷик бисёр шунидаву хонда будам. Орзу мекардам, ки дар Донишгоҳи овозадори Тоҷикистон таҳсил кунам, аз устодони ботаҷрибаи тоҷик дарс омӯзам, вале бо сабабҳои мушкилии зиндагӣ ин орзуям амалӣ нагардид. Соли 1960 баъди хатми Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд ба Душанбе омадам. Дар рӯзномаи «Анбоз» (собиқ «Пионери Тоҷикистон») кор карда, қариб панҷоҳ соли  ҳаёти худро ба хидмати ин рӯзнома бахшида, имрӯз ҳам аз анбозони «Анбоз» ҳастам. Ҳеҷ аз хотирам намебарояд, вақте ба Душанбе омадам ва дар кӯчаҳои он қадам мезадам, забон, тарзи гуфтор, муомила, либоспӯшӣ, урфу одат ва расму оин ин қадар ба мо наздик буд, ки боварам намеомад, ки аз хонаи худ дур шудаам.

Самарқандро пазмон шудаам

Ман панҷ сол пеш, вақте ки додарам  Бурҳон Раҷаб, Артисти халқии Тоҷикистон аз олам даргузашт, ба Самарқанд рафта будам. Самарқандро пазмон шудам, вале раводид ба тоҷикони муқими Ӯзбекистон мушкилӣ овардааст. Умедворам, ки дар сурати бардоштани раводид дӯстии миллатҳо қавитар мегардад. Дар тамоми соҳаҳо пешравиҳо ба амал меоянд.

Роҳбари давлати тоҷикон на танҳо миллати тоҷик, балки халқиятҳои дигари Тоҷикистонро низ бо ҳам муттаҳид кард

Дар рӯзҳои  ҷанги шаҳрвандӣ дар бари мардуми Тоҷикистон будам. Бисёр нафароне, ки аз Самарқанд дар Душанбе иқомат мекарданд, дубора ба Ватан баргаштанд, вале маро меҳри Ватани дуюм нагузошт, ки ӯро тарк кунам. Имрӯз ҳам шоҳиди ин қадар пешравиҳову созандагиҳои фарзандони баномуси миллати тоҷик ҳастем. Корҳои бузурге, ки Роҳбари давлати тоҷикон кард,  як мамлакати бузурги Шӯравӣ дар тӯли 70 сол карда натавонист.  Кандани нақбҳои бузург аз қалби кӯҳҳои осмонбӯс, ки барои мо армон, хобу хаёл ва ҳатто афсона буд, бешубҳа, мӯъҷиза аст. Сохтани шоҳроҳҳои байналмилалӣ, силсилапулҳои азими болои рӯдҳо, ки моро бо кишварҳои дуру наздик мепайванданд, боиси шукру сарфарозӣ мебошанд. Инҳо корҳое ҳастанд, ки дар тӯли 25 сол бо ҷоннисориву ҳидоятҳои хайрандешонаи Сарвари  давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуданд. Дар як оила агар ҳафт нафар бошад, ҳафт хислат аст ва онҳоро муттаҳид кардан чӣ қадар мушкил аст. Роҳбари давлати тоҷикон на танҳо миллати тоҷик, балки ҳалқиятҳоеро, ки дар Тоҷикистон иқомат мекунанд, бо ҳам муттаҳид кард.

«Аз карда пушаймонем» ва «Адабгоҳи Анбоз»-ро дар шакли китоб пешниҳод мекунам

Солҳои дароз дар рӯзномаи «Анбоз» (собиқ «Пионери Тоҷикистон») кор кардаам, гӯшаҳои зиёдро мураттаб сохтаам. Яке аз он гӯша бо номи «Аз карда пушаймонем» буд, ки дар он бачаҳо корҳои кардагӣ, шӯхиҳо ва ягон касро озор доданашонро нақл мекарданду пушаймониашонро изҳор медоштанд. Боз як гӯшаи дигар бо номи  «Адабгоҳи Анбоз» буд, ки дар он дар бораи одоб, муомила, ҳурмати калонсолон ва ҳифз кардани муҳити атроф мавод пешниҳод мешуд. Имрӯз ман ба ҷамъоварии онҳо машғулам ва ният дорам, ки онҳоро дар шакли китоб ба хонандагон пешниҳод гардонам.

Мавҷуда Анварӣ

 Маълумоти АМИТ «Ховар»:

Насим Раҷаб, нависандаи писандидаи кӯдакону наврасон 8 августи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи мисгар дида ба олам кушодааст. Силсилаи қиссаҳои хубу шавқовари ӯ «Ҷонам фидои яхмос!», «Фара, Фира, Зара», «Муаттар», «Муаллими кӯча», «Хонае, ки сӯяш мешитобам», «Вақте ки театр мегирист», «Рӯзномае, ки бояд навишта мешуд», «Ошиқи ситорачашм», «Асрори боғи бобом», «Ман зебоям», «Ситораи тибби тоҷик» ва «Ҳикояҳо аз ҳаёти адибон» ба дасти хонандагон расидаанд.

Асарҳои Насим Раҷаб ба бисёр забонҳои мардуми олам тарҷумаю нашр шудаанд. Ӯ худ баргузидаи осори бисёр адибони гуногунзабон, қиссаю ҳикоёти И. С. Тургенев, Ю. Сотник, Н. Носов, А. Алексин, М. Гумилевская ва дигаронро ба забони тоҷикӣ баргардонидааст.

 

Октябрь 20, 2016 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад