Ноҳияи Б.Ғафуров: Гусели 172 нафар ҷавон ба хизмати ҳарбӣ

Октябрь 11, 2016 08:50

Душанбе, 11.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар маъракаи гусели ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати Ватан, ки ботантана дар амфитеатри Қасри Арбоби ноҳия доир шуд, аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 172 нафар ҷавонон сафарбар карда шуданд.
Фармони Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷавонони синни даъватӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ пазируфтанд.
Ин иқдоми неки ҷавонон дар натиҷаи беҳтар шудани шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ, гузаронидани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ байни ҷавонон дар маҳалла, ҷамоати деҳот ва шаҳраки ноҳия роҳандозӣ гардид.
Натиҷаи комиссияи тиббӣ нишон дод, ки ҳамаи ихтиёриён ҷавонони рӯҳану ҷисман солим мебошанд.

Октябрь 11, 2016 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид