Ҷоизаи нахустини «Коса» ва «Суди девонагон»-и Театри давлатии Конибодом дар қораи Аврупо

Октябрь 21, 2016 14:33

Душанбе, 21.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Филми «Коса»- и «Суғдсинамо» ва намоишномаи «Суди девонагон»- и Театри давлатии Конибодом дар нахустин фестивали «OpenCentral Asia Internetional Arts», ки 5-9 ва 16-19 — уми октябр баргузор шуд, соҳиби ҷоизаҳо гаштанд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, Тоҷикистонро дар ин фестивал Театри давлатии шаҳри Конибодом бо намоишномаи «Суди девонагон» муаррифӣ кард. Дар бахши намоиши театрҳо низ ҳунармандони тоҷик соҳиби ҷоиза гаштанд ва ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона»-ро Муҳидини Музаффар ба даст овард.
Бояд зикр намуд, ки намоишномаи мазкур аз рӯи ду асари Шекспир- «Шоҳ Лир» ва «Шоҳзода Ҳамлет» дар коргардонии Авлиёқулӣ Хӯҷақулӣ омода шудааст. Дар намоиши мазкур шоҳ Лирро Муҳиддини Музаффар, шоҳзода Ҳамлетро Фарҳод Ғаффорпур ва ширинкорро Ғайрати Қодир офаридаанд.

Октябрь 21, 2016 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд