Омодагии муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара ба давраи зимистон қаноатбахш аст

Октябрь 1, 2016 11:42

Данғара, 01.09.2016. /АМИТ«Ховар»/. Ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара, омодагии муассисаҳои таълимии ноҳия  барои зимистонгузаронӣ то ин муддат 95 фоизро ташкил медиҳад. Дар анборҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 17 ва 55 миқдори зарурии ангишту ҳезум ва дигар намуди маводи сӯхт захира карда шудааст.  Дигар муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара низ ба мавсими тирамоҳу зимистон омода карда шудаанд. Дар муассисахои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 ва 12 ангишту ҳезум ва дигар маводи сӯхт захира карда шуда, барои иловатан захира намудани сӯзишворӣ ассотсиатсияи волидайнро низ ҷалб кардаанд. Инчунин барои ҳар як синфхона ва утоқҳои фаннӣ печҳои барқӣ харид гардидаанд.

Октябрь 1, 2016 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд