Дар Тоҷикистон бори аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» қабул карда мешавад

Октябрь 17, 2016 14:33, 4 206 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

Парлумон

Душанбе, 17.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон бори аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» қабул карда мешавад. Лоиҳаи қонуни мазкур имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ шуд.
Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», «Дар бораи алоқаи барқӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳокима намуданд.
Дар анҷоми Шӯро бархе аз масъалаҳо барои муҳокима ва қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.

Октябрь 17, 2016 14:33, 4 206 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

31761150026_d18a54638c_zИроаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои Маҷлиси миллӣ ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ ба номи халқи Тоҷикистон савганд ёд карданд
parlament-0Дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» Фонд, Орден ва Ҷоизаи Пешвои миллат таъсис дода мешавад
Парлумон-слайдДар Тоҷикистон қонуни хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ қабул мегардад
sajmumin-yatimovКормандони мақомоти амнияти миллии кишвар дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуқуқ доранд вориди манзилҳои шаҳрвандон гарданд
omqavai0cbg9emxcaqr9ud4ylkslmsl1Тоҷикистону Русия барои рушди шарикии стратегӣ аз тамоми имконот истифода менамоянд
30179024832_1304ec2e9f_zВалентина Матвиенко: «Тоҷикистон кишварест, ки тавонистааст орзую ормонҳои мардумашро ҷомаи амал пӯшонад»
nhya7nufpufqwdgevk5lwawzsabklfpkШукурҷон Зуҳуров: «Шарикии стратегӣ ва муттаҳидӣ бо Русия аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст»
РусияДар Душанбе форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия оғоз меёбад
Парлумон 2Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқ доранд минбаъд Парчами давлатии кишварро дар манзилҳои истиқоматиашон низ овезон намоянд
ПарлумонСафари кӯтоҳмуддати маҳкумшудагон берун аз муассисаҳои ислоҳӣ бо ризоияти прокурор сурат мегирад
Парлумон 2Парлумон ба Кодекси андоз тағйирот ворид менамояд