Роҳхати дастаи мунтахаби ҷавонони Ветнам ба бозиҳои чорякниҳоии Чемпионати Осиё-2019 (U-19) аз гурӯҳи «Б» мутахассисонро дар тааҷҷуб гузошт

Октябрь 21, 2016 10:14

Душанбе, 21.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Ветнам шоми дирӯз баъди бозии даври сеюми гурӯҳи «Б», бо пешсафи ин гурӯҳ- дастаи мунтахаби Ироқ, ки  бо натиҷаи 0:0 ба анҷом расид, ғайричашмдошти мутахассисони соҳаи футболи Осиё ба  бозиҳои чорякниҳоӣ роҳхат гирифт. Ин дар ҳолест, ки дар ин гурӯҳ беҳтарин дастаҳои Осиё, чун Ироқу Амороти Мутаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея ҳузур доштанд. Футболбозони Ветнам дар бозии аввалини худ Кореяро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда, бо дастаи мунтахаби АМА баробар (1:1) бозӣ карданд ва дар натиҷа бо касби 5 имтиёз вориди бозиҳои чорякниҳоӣ шуданд.

Дар даври сеюм футболбозони Аморот бар Кореяи Халқӣ-Демократӣ бо нишондоди 3:1 ғолиб омаданд. Дастаи мунтахаби Ироқ бо ду ғалаба ва 1 мусовӣ зинаи аввалро ба даст овард.

Натиҷаи ҷамъбастии бозиҳои гурӯҳи «Б»:

Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея – Ветнам- 1:2

АМА –Ироқ- 0:1

Ветнам – АМА- 1:1

Ироқ- Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея — 4:0

Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея – АМА- 1:3

Ироқ – Ветнам- 0:0

Дастаҳо Б Ғ М Б Т/Т И
ИРОҚ 3 2 1 0 5 0 7
ВЕТНАМ 3 1 2 0 3 2 5
АМОРОТИ МУТАҲИДАИ АРАБ 3 1 1 1 4 3 4
КОРЕЯИ ХАЛҚӢ-ДЕМОКРАТӢ 3 0 0 3 2 9 0
Октябрь 21, 2016 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд