Сафари кӯтоҳмуддати маҳкумшудагон берун аз муассисаҳои ислоҳӣ бо ризоияти прокурор сурат мегирад

Октябрь 12, 2016 15:28, 4 440 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

Парлумон

Душанбе, 12.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки тибқи он масъулияти прокурорҳо баланд бардошта мешавад.
Муҳаммадиброҳим Осимзода, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки тибқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд аз ҷониби сардорони муассисаҳои ислоҳӣ ба маҳкумшудагон додани иҷозаи сафари кӯтоҳмуддат берун аз муассисаҳои ислоҳӣ бар асоси розигии прокурор сурат мегирад. Инчунин ҳангоми додани чунин иҷозат бояд хусусият, вазнинии ҷинояти содирнамудаи маҳкумшуда, муҳлати иҷрои ҷазо, шахсияти маҳкумшуда ва рафтори ӯ ба эътибор гирифта шаванд, ки дар ин маврид қабули қарори мазкур хеле масъулиятнок буда, гирифтани розигии прокурори дахлдорро тақозо менамояд. Дар робита ба ин тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, дар баробари сардорони муассисаҳои ислоҳии кишвар, инчунин масъулияти прокуророн тақвият меёбад. Қабули муқаррароти мазкур ба таъмини риояи қонуният дар муассисаҳои ислоҳии кишвар нигаронида шудааст.

Октябрь 12, 2016 15:28, 4 440 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

ШуроБа қонун дар бораи Палатаи ҳисоб тағйирот ворид мегардад
Ш.Зухуров & РаббониОромии Афғонистон оромии минтақа аст
Парлумон6Дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ 50 масъала баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд
Юсуф Раҳмон: «Шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи созмонҳои экстремистию террористӣ коҳиш ёфтааст»
Парлумон-слайдИмрӯз дар Душанбе иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллӣ баргузор мегардад
Парлумон-слайдДар Душанбе иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Парлумон 2Дар Тоҷикистон дар бораи бехатарии сейсмикӣ қонуни нав қабул мегардад
Ян ХамачекШ.Зуҳуров сафари Ян Ҳамачекро ба Душанбе қадами устувор дар рушди ҳамкорӣ номид
Ян ХамачекИстиқболи Ян Ҳамачек дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
Парлумон-слайдДар Душанбе иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор мегардад
Раисони Парлумони Точикистон ва СаудиРаиси Парлумони Арабистони Саудӣ: «Эмомалӣ Раҳмон воқеан Пешвои забардаст аст»
Зухуров СаудиСалмон ибни Абдулазиз оли Сауд Тоҷикистонро шарики муҳими Арабистони Саудӣ дар минтақа номид