Шукурҷон Зуҳуров: «Шарикии стратегӣ ва муттаҳидӣ бо Русия аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст»

Октябр 14, 2016 10:30

Хабарҳои мавзӯъ

nhya7nufpufqwdgevk5lwawzsabklfpk

Душанбе, 14.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкории гуногунсоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар Душанбе қарор гирифт. Шукурҷон Зуҳуров сафари ҳайати баландпояи парлумонии Русияро таҳти сарварии Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ба Тоҷикистон дар самти густариши равобити байнипарлумонии ду кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Бо дахли масоили рушди ҳамкории иқтисодӣ Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки равобити иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Русия яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвари дӯсту бародар ба шумор меравад. Русия дар зарфи солҳои охир яке аз шарикони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар самти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мавқеи аввалро касб намуда, вазни қиёсии он дар ҳаҷми табодули тиҷоратӣ ба марзи 30 фоиз расидааст. «Дар шароити имрӯза мубодилаи тиҷоратӣ ба имконоти доштаамон ҷавобгӯ нест ва ҳамкории байниминтақавӣ бояд ба тавсеаи мубодилаи тиҷоратӣ таъсир расонад»,-таъкид кард Ш. Зуҳуров. Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон зикр кард, ки Тоҷикистон ба ҷалби сармоягузорони рус ба лоиҳаҳои бузурги иқтисодии кишвар, аз ҷумла лоиҳаҳои энергетикӣ ниёз дорад. Барои Тоҷикистон шарикии стратегӣ ва муттаҳидӣ бо Русия аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар, ки бар пояи омилҳои имконпазир ва дахлдор, ҳамчунин бар заминаи таърихӣ ва манфиатҳои рушди дарозмуддат асос ёфтаанд, ба шумор меравад.
Раиси Маҷлиси намояндагон афзуд, ки самти асосии ҳамкории мутақобилаи Тоҷикистону Русия дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба, асосан, масъалаҳои тақвияти равобит дар соҳаҳои таъмини амният дар минтақа, густариши мубодилаи тиҷоративу иқтисодӣ, гидроэнергетика ва металлургияи ранга, истихроҷи газ, нефт ва канданиҳои фоиданок, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ба шумор меравад. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Русия дар арсаи сиёсӣ ба сатҳи зарурии рушд расидаанд. Байни ду кишвар ҳамкории шарикии дорои хусусияти стратегӣ дар асоси дуҷониба ва бисёрҷониба ба роҳ монда шудааст.
Бо дахли авзои минтақа Ш. Зуҳуров таъкид намуд, ки вазъияти ногуворе, ки дар минтақа дар шаклҳои мухталиф зуҳур намудааст, ба тақвияти талошҳои ҳар ду кишвар дар заминаи ба эътидол овардан ва ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва андешидани тадбирҳо барои мубориза бо таҳдид ва хатарҳои муосир- ифротгароӣ, терроризм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ далолат мекунад.
«Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ низ бисёр мавзӯи ҳассос аст»,- таъкид кард Ш.Зуҳуров. Тибқи маълумоти Хадамоти муҳоҷират, дар қаламрави Русия беш аз 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд. Масъалаҳои марбут ба ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, содда гардонидани тартиби бақайдгирӣ ва додани иҷозат барои фаъолияти меҳнатӣ яке аз масъалаҳои афзалиятноки гуфтугӯҳои дуҷониба дар сатҳҳои гуногун ба шумор меравад. Дар ин замина мо ҳамеша лутф ва таваҷҷуҳи Шумо, Валентина Ивановнаи муҳтарамро ҳис кардаем ва дар оянда низ эҳсос хоҳем кард»,- афзуд Ш. Зуҳуров.
Ҳамзамон Шукурҷон Зуҳуров ба Валентина Матвиенко барои таваҷҷуҳ, мусоидат ва дастгириаш нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия қарор доранд, миннатдорӣ баён кард.
Дар мулоқот ҳамзамон масоили марбут ба рушди ҳамкории байнипарлумонӣ, иқтисодӣ, энергетика, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг ва ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардиданд.

Октябр 14, 2016 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

DSC_0738+Узви тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ савганд ёд кард
Роҳбарони шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳо дигар намояндаи Президент дар маҳалҳо нестанд (3)Роҳбарони шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳо дигар намояндаи Президент дар маҳалҳо нестанд
Шурои олли, (1)Ба Дастури Маҷлиси миллӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
ПарлумонҶонибдории пешниҳодҳои Президент аз сӯи аъзои Маҷлиси миллӣ оид ба бозхонд ва интихоби судяҳо
shuroi-olli-5Аъзои Маҷлиси миллӣ тағйиру иловаҳоро ба чор қонуни конститутсионӣ ҷонибдорӣ намуданд
Шурои олли, (1)Баррасии беш аз 50 масъала дар Шӯрои Маҷлиси миллӣ
Вазири адлияДар идораҳои САҲШ танҳо афроде кор карда метавонанд, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва шаҳрванди Тоҷикистон бошанд
Амрихудо ДамдоровМинбаъд пинҳон доштани вазъи молу мулки аъзои Ҳукуматро мақомоти салоҳиятдор санҷида ва ошкор мекунанд
Ш. Зухуров ва Пан ЮнхеШ. Зуҳуров: «Дар иқтисодиёти Тоҷикистон Чин сармоягузори бузург аст»
Шурои олли, (1)Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав-«Дар бораи сайёҳии дохилӣ» қабул мегардад
Парлумон-слайдДар шаҳри Душанбе иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад
Шурои олли, (1)Ваколати вакили Маҷлиси намояндагон пеш аз муҳлат қатъ гардид