Таваҷҷуҳи доираҳои соҳибкории Қазоқистон ба рушди иқтисоди Тоҷикистон беш аз пеш меафзояд

Октябрь 20, 2016 16:26

Душанбе, 20.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Таваҷҷуҳи доираҳои соҳибкории Қазоқистон ба рушди иқтисоди Тоҷикистон беш аз пеш афзудааст. Вобаста ба ин имрӯз дар меҳмонхонаи «Hyatt regency Dushanbe» Ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон оғоз ёфт, ки муддати се рӯз идома меёбад.
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ Шариф Саид -раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон зикр кард, ки   «баргузории Ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон дар Душанбе дар тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвар нақши муассир мегузорад».
Дар  ҳамоиш ҳудуди 30 ширкати Қазоқистон намунаи молу маҳсулоти худро, ки аз маҳсулоти хӯрокворӣ ва саноати сабук, доруворӣ, кимиёвӣ ва сохтмонӣ   иборат аст,  ба намоиш гузоштаанд.
Ба иттилои масъулин, гардиши мол байни ду кишвар дар соли гузашта  580,4 млн. долларро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2014 17,1% кам мебошад. Содирот аз Қазоқистон дар муқоиса ба соли 2014-ум 19,9 % коҳиш ёфта, 415,5 млн. долларро ташкил дод.

Октябрь 20, 2016 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
Масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» дар Душанбе баррасӣ гардид