«Терроризм ва экстремизм таҳдид ба суботу амнияти ҷаҳониянд»-ҳамоиши судманд дар Норак

Октябрь 28, 2016 11:29

Норак, 28.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар ҳамбастагӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр баҳри риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, иштирок дар муноқишаҳои дигар давлатҳо, побанди фарҳанги бегона нагаштани ҷавонон ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон бо сокинони маҳаллаи Лангар вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки ифротгароӣ, терроризм ва гаравидани ҷавонон ба фарҳанги бегона таҳдид ба суботу амнияти ҷаҳониянд ва онҳо асосҳои маънавии ҷомеаро нобуд сохта, ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол ва ба ҷомеаи мутамаддин хатар эҷод мекунанд.
Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зиракии сиёсиро аз даст надода, дар оромию осудагии кишвар саҳми арзанда гузоранд.

Октябрь 28, 2016 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд