Тоҷикистон дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии футбол 4 зина боло рафт

Октябрь 20, 2016 17:29

Душанбе, 20.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби  Тоҷикистон оид ба футбол дар радабандии  нави ФИФА, ки имрӯз интишор шуд,  чор зина боло рафта, дар мақоми 140-ум қарор гирифт. Тими мунтахаби кишварамон соҳиби  227 имтиёз буда,  дар қиёс бо моҳи гузашта  шумораи имтиёзҳояшро 7 адад бештар кард.
Ёдрас бояд шуд, ки аз замони нашри рейтинги қаблӣ, футболбозони мо  як вохӯрии рафиқонаро  бо дастаи мунтахаби Фаластин анҷом доданд ва ин дидор бо ҳисоби 3 бар 3 мусовӣ анҷом ёфт. Барои ин натиҷа  дастаи мунтахаби футболи кишвар соҳиби  69 имтиёз гардид.
Дар миёни дастаҳои Осиё футболи мо мисли пешин дар мақоми 24-ум мавқеъ гирифтааст.  Дар садри ҷойгузории дастаҳои  қораи Осиё тағйирот ба чашм намерасад ва мақоми аввал насиби тими миллии Эрон буда, Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ зинаҳои дуюм ва сеюмро мутаносибан аз худ кардаанд.
Ёдрас мешавем, ки дар моҳи ноябри соли равон дастаи мунтахаби Тоҷикистон боз ду бозии байналмилалии санҷиширо бо дастаҳои миллии Туркманистон ва Афғонистон анҷом медиҳад, ки натиҷаи ин вохӯриҳо ба нуфузи дастаи мунтахаби кишвар дар моҳи оянда таъсиргузор хоҳад буд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи мамлакат  ҳарду вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд.

Октябрь 20, 2016 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Чемпионати 33-юми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ моҳи апрел оғоз мешавад
ШОҲҶОИЗА- ЭЛЕКТРОМОБИЛ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаҳои варзишӣ ҷамъбаст шуданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе дар марҳилаи интихобӣ бо тими Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ФУТБОЛ. Имрӯз бозии дуюми дӯстонаи дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо тими Ветнам баргузор мегардад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ аз тими Арабистони Саудӣ мағлуб шуд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба муқобили дастаи Арабистони Саудӣ бо либосҳои сурх бозӣ менамояд
26 март дар вилояти Суғд мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ доир мешаванд
Гела Шекиладзе: «Моро бо дастаи Арабистони Саудӣ бозии душвор интизор аст»
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ бо тими Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Риёз нахустин тамринҳоро анҷом дод
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Душанбе бо дастаи мунтахаби Ветнам бозӣ менамояд