Тоҷикистону Русия барои рушди шарикии стратегӣ аз тамоми имконот истифода менамоянд

Октябрь 14, 2016 11:42, 4 961 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

omqavai0cbg9emxcaqr9ud4ylkslmsl1

Душанбе, 14.10.2016/АМИТ «Ховар»/. «Байни Тоҷикистону Русия муносиботи анъанавии эътимод ба якдигар вуҷуд дошта, Тоҷикистон ба сатҳи ҳамкории байнидавлатӣ ва байнипарлумонӣ бо Русия баҳои баланд медиҳад. Дар оянда низ аз тамоми имконот барои рушди шарикии стратегӣ ва муттаҳидии ду кишвар истифода хоҳад шуд». Ин нукта дар мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия таъкид шуд.
Зикр шуд, ки Тоҷикистону Русия, ки шарикони стратегӣ мебошанд, ҳамкории дуҷонибаро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин вобаста ба масъалаҳои муҳими байналмилалӣ дар бештари мавридҳо мавқеи муштарак ва ё бо ҳам наздик доранд.
Таъкид шуд, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар доираи принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити расмӣ асос ёфтаанд. Дар масъалаи таҳкими муносиботи шарикӣ, муттаҳидӣ ва густариши равобити дуҷониба нақши асосиро сарони ду кишвар-Эмомалӣ Раҳмон ва Владмири Путин мебозанд. Ба ин дар бештари мавридҳо гуфтугӯи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ мусоидат мекунад. Шаҳодати ин гуфтаҳо сафарҳои муштарак ва мулоқоти мунтазами намояндагони баландмақоми ду кишвар дар майдонҳои гуногуни байналмилалӣ мебошанд.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳҳои парлумон ва ҳукумат ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба ба ҳукми анъана даромадааст. Ин бештар ба тақвияти ҳарчи бештари ҳамкории ду кишвар дар арсаҳои гуногун мусоидат кардааст.
Дар мулоқот мусоҳибон ҳамзамон доир ба масъалаҳои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, кишоварзӣ, илм, маориф, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва авзои минтақа табодули назар карданд.

Октябрь 14, 2016 11:42, 4 961 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

Таврический ДворецҶаласаи Шӯрои парламентии Ассамблеяи СААД
мухокима парлумониБаррасии вазъи маблағгузории пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар Парлумон
иктВАЗИР: Соҳибкороне, ки аз оғози сол мошинҳои нав ворид намудаанд, аз имтиёз бархӯрдоранд
ПарлумонПарлумон ба қонуни Буҷети давлатӣ барои соли 2017 илова ворид менамояд
shuroi-olli-6Баррасии лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Парлумон
Ваколати вакил -М.КаландарзодаВаколати вакили Маҷлиси намояндагон пеш аз муҳлат қатъ гардид
Парлумон 2Парлумони Тоҷикистон Қонун «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ»-ро қабул кард
ШуроБа қонун дар бораи Палатаи ҳисоб тағйирот ворид мегардад
Ш.Зухуров & РаббониОромии Афғонистон оромии минтақа аст
Парлумон6Дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ 50 масъала баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд
Юсуф Раҳмон: «Шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи созмонҳои экстремистию террористӣ коҳиш ёфтааст»
Парлумон-слайдИмрӯз дар Душанбе иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллӣ баргузор мегардад