Аз сармо эҳтиёт шавед! Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои давраи сардиҳои аз 20 то 26 ноябр

Ноябрь 22, 2016 08:50

Душанбе, 22.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сардиҳо аз 20 то 26-уми ноябри соли 2016 ба аҳолӣ риояи қоидаҳои зеринро тавсия медиҳад:
Новобаста аз он, ки соҳиби чӣ гуна хонаед ва он хонаи шумо дорои кадом низоми гармидиҳист (неруи барқ, газ ё бухорӣ), бароятон зарур аст захираи сӯзишворӣ дошта бошед.
Ҳангоми огоҳӣ ёфтан аз сардии шадиди ҳаво, оби қубурҳои гармидиҳандаро ба танзим дароред ва бинед, ки онҳо аз кор намонанд.
Утоқҳоро бо низоми гармидиҳии боэътимод таъмин кунед, то ин ки барои аҳли хонавода сарпаноҳе аз сардии сахт бошанд. Дар он ҷо чизу чораи эҳтиёҷи аввал-чароғ, радиои транзисторӣ, шамъ, фонус, гӯгирд, захираи хӯрок ва оби ошомиданӣ, анвои доруҳои гуногун, бистарҳои гарм ва ҳатто халтаҳои хоб ва ғайраро нигоҳ доред.
Даргиронидани низомҳои мустақили гармидиҳиро қабл аз он, ки ҳарорати хона поин равад, фаромӯш накунед. Асбобҳои гармидиҳии худсохти барқӣ ва обиро истифода накунед!
Дару тирезаҳоро накушоед, то ин ки ҳарорати ҳавои дохили хона тағйир наёбад, чун ба ҳолати аввала баргардонидани он вақти зиёд талаб мекунад.
Ҳангоми шамоли сахт зери дарахтони бузургҷусса, пояҳои реклом, девори хонаҳои фарсуда ва хатҳои интиқоли неруи барқ наистед!
Мутмаин бошед, ки ҳайвоноти хонагиатон дар ҷойи амн қарор доранд ва барои онҳо хӯрок ва об ба таври кофӣ захира шудааст.
Ба соҳибони мошинҳои шахсӣ тавсия дода мешавад:
Мошинҳои худро бо асбобҳои зарурӣ, аз ҷумла бел, табар, ҳезум, занҷирҳо, фонусҳо, халтаҳои хоб, захираи ғизо, таҷҳизоти мошинии бакорандозии телефонҳои мобилӣ ва ғайра таъмин кунед.
Агар Шумо дар ин гуна ҳолатҳо дар дохили мошинед, пас мошинро оҳиста ронед ва танҳо аз роҳҳои асосии мошингард истифода кунед, ҳангоми бад шудани ҳаво ва ногувор гаштани шароити рондани мошин дар роҳҳо мошинро нигоҳ доред ва дар ягон бино паноҳ баред.
Агар мошини шумо вайрон шуд ва ё дар ҷойе дар барф, лой ё ях дармонд, пас:
то омадани кумак дар дохили мошин бимонед, ҳавои дохили мошинро бо истифода аз дастгоҳҳои шамолдиҳӣ, ки ба тарафе гардонида шудааст, тоза кунед, ҳамин амалро ҳангоми тӯфон низ ба ҷой оред.
Бубинед ва бовар ҳосил кунед, ки оё дар наздикиҳои шумо ҷабрдида ё зарардидаи муҳтоҷи ёрӣ нест? Агар бошад, кумакатонро дареғ надоред.
Ёдовар мешавем, ки бориши барф дар кишвар рӯзҳои 23- 26 ноябр шиддат мегирад.

beregites beregites-3

Ноябрь 22, 2016 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ